Бонки Эсхата бори дигар мақоми беҳтаринашро тасдиқ кард!

Иттилоияи расмӣ

Аз 27 то 31 март, дар чаҳорчубаи лоиҳаи Бонки Миллӣ ва Фонди хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкории Олмон, дар маркази таълимии Бонки Миллӣ озмуни байнибонкӣ таҳти унвони “Ҷоми бонкҳо” оид ба идоракунии стратегӣ дар Бонк  баргузор гардид.

Панҷ даста аз панҷ бонкҳои пешрафтаи Тоҷикистон «Бонки Эсхата», «Амонатбонк», «Аввалин Бонки молиявии хурд», «Казкоммерцбанк» и «Аксес Бонк Тоҷикистон» дар ин озмун иштирок карданд, ки ҳадафи асосӣ баланд бардоштани идоракунии стратегӣ байни роҳбарон ва сардорони соҳаи бонкӣ маҳсуб меёбад. Озмун чунин соҳаҳои кориро фаро гирифт:

– Коркарди стратегияи рушди бонк ва воситаи назорат;

– Қабули қарор оид ба масъалаҳои муҳими фаъолияти опертивӣ дар шароити рақобат;

– Таҳлили иттилоти бонкию бозори молиявӣ;

– Фаҳмиши принсипҳо ва робитаи якҷоя байни бонкҳо ва тамоюли рушди иқтисодӣ ва муборизаи рақибон;

– Иҷроиши меъёрҳо аз тарафи Бонк оид ба сармоя ва идоракунии бозоргирӣ;

– Қабули қарор оид ба арзиш ва суръати рушди сандуқи захираҳои ҷалбшуда ва ҷойгиршуда;

– Фаҳмиши принсипҳои идоракунии захираҳои кадрӣ;

Иштирокчиён донишу малакаи худро нишон дода, дар навбати худ барномаи коркардаи худро дар мавриди тавозуни солонаи алоҳида дар мисоли бонки худ муаррифи намуданд.

Ба дастаи кормандони Бонки Эсхата Зариф Разыков-сардори Департаменти тиҷорати корпоративӣ, Фурқат Хасанов-директори филиали Бонк дар ш.Душанбе, Олим Миралиев-сардори шӯъбаи ҷамъбасти ҳисоботҳо ва таҳлил, Мақсудҷон Комилов-сардори шӯъбаи мушоиати хавҳои бонкӣ ва Акбарҷон Мамадҷонов -иқтисодчии калони шуъбаи хазинадорӣ шомил гардиданд. Дар ҷамбаст дастаи Бонки Эсхата ҷои аввалро ишғол карда, сазовори Ҷоми Бонкҳо гирдиданд.

Бояд қайд намоем, ки дар ҷараёни озмун байни панҷ даста, дастаи Бонки Эсхата мутобиқ ба талаботҳои ҷорӣ ва истифодаи самараноки ҷараёни идоракунӣ, беҳтарин барномаро муаррифӣ кард.   

Ғолибияти дар ин самт бори дигар мақоми беҳтарини Бонки Эсхатаро исбот мекунад.

Дар ҷамъбаст ташкилкунандагони озмун ба иштирокчиён муваффақиятҳо ва пешравиву бурдориҳоро таманно карда, боварӣ намуданд, ки гузаронидани Ҷоми Бонкҳо ба ҳукми анъана даромада, барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандон ва рушди низоми бонкии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...