Барои ишғоли мансаб дар Тоҷикистон шаҳрвандӣ шарти муҳим мешавад

Палатаи поёнии парлумон ба қонуни конститусионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ» ва «Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ» тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи он, аз ин ба баъд шаҳрвандони хориҷӣ дар ин ниҳодҳо мансабдор шуда наметавонанд. Зимни шарҳи тағийрот ба қонуни конститусионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ» ба вакилон, узви Кумитаи қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумон ба қонуни конститусионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ» ва «Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ» тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи он, аз ин ба баъд шаҳрвандони хориҷӣ дар ин ниҳодҳо мансабдор шуда наметавонанд.

Зимни шарҳи тағийрот ба қонуни конститусионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ» ба вакилон, узви Кумитаи қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумон Бахтовар Сафарзода қайд кард, ки минбаъд агар судяҳои Суди конститутсионӣ шаҳрвандии дигар кишварро гирифтанӣ бошанд, пеш аз муҳлат аз вазифа бозхонд мешаванд.

Зарурати ворид намудани чунин тағйиротро Сафарзода мутобиқ кардани қонунгузории соҳавӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ баъди моҳи май ба он ворид шудани тағйироту иловаҳо унвон кард.

Ба қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ» низ чунин тағйирот ворид гардида, минбаъд танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон раис, муовин, сараудитор ва роҳбари дастгоҳи Палата таъин шуда метавонанд ва инҳо низ агар шаҳрвандии дигар кишварро қабул намоянд, пеш аз муҳлат аз вазифаашон озод карда мешаванд.

Муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқзода зикр кард, ки корҳо дар самти ба Конститутсия мутобиқ кардани қонунгузории соҳавӣ идома дошта, то роҳандозии ин тағйирот маҳдудиятҳо оид ба шаҳрвандӣ ба хизматчиёни давлатӣ вуҷуд надоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.