Пирӯзии паҳлавони навраси тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо

Паҳлавони навраси кишвар Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон (European Judo Union), ки 1-2 апрел дар шаҳри Тулаи Русия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 килограмм бар Мансур Лорсанов (Русия), Избассар Ералиев (Қазоқистон) ва Размик Барави […]

Asia-Plus

Паҳлавони навраси кишвар Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон (European Judo Union), ки 1-2 апрел дар шаҳри Тулаи Русия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 килограмм бар Мансур Лорсанов (Русия), Избассар Ералиев (Қазоқистон) ва Размик Барави (Русия) ғолиб шуда, ба финал баромад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Гоча Гвачлианиро аз Гурҷистон шикаст дод.

Гуфта мешавад, ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 11 варзишгар дохил буданд, вале даҳ нафари дигар дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Зикр мегардад, ки дар мусобиқа дар маҷмӯъ 323 варзишгар (207 писар ва 116 духтар) аз 16 кишвар иштирок доштанд. Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Русия бо 41 медал (10 тилло, 12 нуқра ва 19 биринҷӣ) ғолиб шуданд. Дастаи мунтахаби Гурҷистон (2-3-1) ҷойи дуюм ва Италия (2-0-3) ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Дастаи Тоҷикистон бо 1 медали тилло баъд аз Беларус (1-0-2) ҷойи 5-умро соҳиб шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.