Ҷоми КФО: Мусовии Истиқлол» бо «Олтин Асир»

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дувумин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ бо тими «Олтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Ҷаҳонгир Алиев, бозигари “Истиқлол”, дар дақиқаи 31-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро бозигари мизбонон Олтинмурод Аннадурдиев дар нимаи дувуми дидор, […]

Радиои Озодӣ

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дувумин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ бо тими «Олтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Ҷаҳонгир Алиев, бозигари “Истиқлол”, дар дақиқаи 31-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро бозигари мизбонон Олтинмурод Аннадурдиев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 49-ум, ба ҳадаф расонд.

Гуфта мешавад, бозии дигари гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон ва «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони ин кишвар, дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови пойтахти Қирғизистон бо пирӯзии дастаи мизбон – “Дордой” – бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфтааст.

Зикр мегардад, ки баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” чоримтиёзӣ ба даст овардаанд. Дастаи “Дордой” се имтиёз гирифтааст. Вале тими “Олой” имтиёз надорад.

Дар даври 3-юми мусобиқа, ки 18 апрел баргузор мешавад, «Истиқлол» дар майдони худ бо «Олой» ва “Дордой” бо «Олтин Асир» рақобат хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.