Машқҳои зиддитеррористӣ дар шимоли Тоҷикистон

Аз 4 то 7-уми апрели соли 2017 дар машқгоҳи “Чоруқ-Дарон”-и гарнизони Суғд машқҳои муштараки баталионӣ-тактикии зидди террористӣ, бо тирпарронии ҷангӣ доир карда мешаванд. Тавре сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, машқҳои муштарак дар асоси нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ, таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, он дар […]

Asia-Plus

Аз 4 то 7-уми апрели соли 2017 дар машқгоҳи “Чоруқ-Дарон”-и гарнизони Суғд машқҳои муштараки баталионӣ-тактикии зидди террористӣ, бо тирпарронии ҷангӣ доир карда мешаванд.

Тавре сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, машқҳои муштарак дар асоси нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ, таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, он дар се марҳилла ба таври назариявию амалӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.

 

Дар машқҳои муштараки баталионӣ-тактикии зиддитеррористӣ, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои хушкигард ва ҳайати шахсии сохторҳои қудратии мамлакат, ки дар гарнизони Суғд мустақаранд, ширкат намуда, силоҳу муҳимоти мухталифи  оташфишон, авиатсияи ҷангӣ ва техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва автомобилӣ  истифода мегарданд.  

Ҳадафи баргузории маҷмӯи машқҳои муштарак сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳоро дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳро дар бар мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.