Боздошти ҳаммаслакони террористон дар Петербург

Дар шаҳри Санкт-Петербург зимни амалиёти муштараки кормандони Хадамоти федералии амният, ВКД ва ҳамчунин воҳидҳои махсуси Гвардияи Русия 6 нафар зодагони минтақаи Осиёи Марказӣ боздошт шуданд, ки барои коркунӣ дар Русия қарор доштаанд. Кумитаи тафтишоти Русия дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки онҳо ба мусоидат кардан ба фаъолияти террористӣ гумонбар дониста мешаванд. «Тибқи фарзияи тафтишот, гумонбаршудагон […]

Новая газета

Дар шаҳри Санкт-Петербург зимни амалиёти муштараки кормандони Хадамоти федералии амният, ВКД ва ҳамчунин воҳидҳои махсуси Гвардияи Русия 6 нафар зодагони минтақаи Осиёи Марказӣ боздошт шуданд, ки барои коркунӣ дар Русия қарор доштаанд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки онҳо ба мусоидат кардан ба фаъолияти террористӣ гумонбар дониста мешаванд.

«Тибқи фарзияи тафтишот, гумонбаршудагон аз моҳи ноябри соли 2015 то ҳол дар қаламрави Санкт-Петербург аксаран зодагони Осиёи Миёнаро барои содир кардани амалҳои террористӣ ва саҳмгузорӣ дар фаъолияти созмонҳои дар Русия мамнӯъ – «Ҷабҳат ан-Нусра» ва «Давлати исломӣ» ҷалб мекардаанд, – омадааст дар маълумоти Кумитаи тафтишот. – Ғайр аз ин, кӯшиш доштаанд, ки онҳоро ба иштирок дар фаъолияти дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, аз ҷумла дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ низ водор созанд».

Гуфта мешавад, айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар макони зисти гумонбаршудагон кофтуков гузаронида, адабиёти исломии ифротгароӣ, ҳамчунин дигар асбобу лавозимот ва ҳуҷҷатҳоро мусодира мекунанд.

«Кумитаи тафтишоти Русия ҳамаи робитаҳо ва алоқаҳои боздоштшудагонро санҷида, лекин дарҳол қайд кардан лозим аст, ки айни замон мақомоти тафтишот дар бораи робитаву шиносоии боздоштшудагон бо иҷрокунандаи амали терористӣ дар метрои шаҳр маълумот дар даст надорад», – таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин масъалаи ба ҳабс гирифтани гумонбаршудагон ва пешниҳоди айбнома ба онҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.