Беш аз 12 соли зиндон барои талоши пайвастан ба Давлати исломӣ

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд М.Бутаевро барои талоши пайвастан ба сафҳои созмони террористии «Давлати исломӣ» ба 12,5 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, ӯ мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва моддаи 400.1 (Зархаридӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф шудааст. Гуфта мешавад, маҳкумшуда […]

Asia-Plus

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд М.Бутаевро барои талоши пайвастан ба сафҳои созмони террористии «Давлати исломӣ» ба 12,5 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, ӯ мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва моддаи 400.1 (Зархаридӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф шудааст.

Гуфта мешавад, маҳкумшуда ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Самараи Русия қарор доштанаш, тавассути шабакаи интернетии “Зелло” дар барномаи “Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ” бо “Муҳаммад Муовия” ном узви фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии бо ном “Давлати исломӣ” робита  барқарор намуда, даъвати ӯро оиди сафар ба Сурия ҷиҳати пайвастан ба сафи ҷангиёни ин созмон пазируфтааст.

«“Муҳаммади Муовия” барои  М.Бутаев чиптаи электронӣ барои парвоз бо ҳавопаймо  тавассути хатсайри “Самара-Москва-Кишинёв-Истамбул” харида, номбурда 27 декабри соли гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Самара ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймои хатсайри “Самара-Москва” аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва ихтиёри Тоҷикистон дода шудааст», – омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.