Модари террористи эҳтимолӣ бовар надорад, ки писараш ин амалро содир кардааст

Ягона суханоне, ки модари Акбарҷон Ҷалилов ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, чунинанд: «Ман ба ин бовар надорам». Одинахон Ҷалилова, модари Акбарҷон Ҷалилов ҳамроҳи шавҳараш дирӯз ба Петербург омад. Зан бовар надорад, ки писараш ба ин амал даст задааст. Бино ба маълуомти РИА Новости, волидони Акбарҷон Ҷалилов ба суҳбат бо матбуот дар Петербург розӣ нашуда, аммо ба […]

Asia-Plus

Ягона суханоне, ки модари Акбарҷон Ҷалилов ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, чунинанд: «Ман ба ин бовар надорам».

Одинахон Ҷалилова, модари Акбарҷон Ҷалилов ҳамроҳи шавҳараш дирӯз ба Петербург омад. Зан бовар надорад, ки писараш ба ин амал даст задааст.

Бино ба маълуомти РИА Новости, волидони Акбарҷон Ҷалилов ба суҳбат бо матбуот дар Петербург розӣ нашуда, аммо ба савол дар бораи бовар доштан ба айбдории фарзандашон, модари террористи эҳтимолӣ посухи рад додааст.

Оилаи Ҷалиловҳо се фарзанд доранд, ки танҳо писари хурдӣ бо волидон иқомат дошта, имсол мактаб дар Ошро хатм мекунад. Хоҳари калониашон бо шавҳараш зиндагӣ дорад. Ҳамсояҳо оилаи Ҷалиловҳоро «мусбату хуб» арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи яке аз хешони оила, Акбарҷон доимо ба масҷид рафта, вале дар ӯ аломатҳои ба ифротгароӣ гаравидан ба назар намерасид.

Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи сешанбе номи мардеро, ки тибқи маълумоти фаврӣ ба таркиш дар метро даст задааст, эълон кард.Аз ӯ зодаи 22-солаи Қмирғизистон Ҷалилов ном бурда шуд.

Қаблан аз КДАМ ба РИА Новости хабар додаанд, ки хешони гумонбаршуда ба таркиш дар метрои Санкт-Петербург, ки дар Қирғизистон иқомат доранд, дар доираи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бозпурсӣ шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.