Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Манъи 4 парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе ва 3 парвози ширкати «ЮТэйр» ба Хуҷанд аз ҳамин рӯз мавриди амал қарор мегирад; – Дар шаҳри Қазон мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии тарзи озод миёни наврасон оғоз мегардад, ки намояндагони Тоҷикистон дар он иштирок мекунанд. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ […]

Asia-Plus

АНОНС

– Манъи 4 парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе ва 3 парвози ширкати «ЮТэйр» ба Хуҷанд аз ҳамин рӯз мавриди амал қарор мегирад;

– Дар шаҳри Қазон мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии тарзи озод миёни наврасон оғоз мегардад, ки намояндагони Тоҷикистон дар он иштирок мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.3671 сомонӣ;

1 евро – 8.9369 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1472 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи геологҳо

2012 — Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ҶСК «НБО Сангтӯда-1» оид ба рӯёнидани қарзҳо аз ширкати «Барқи тоҷик» барои барқи дастрасшударо пурра қонеъ кард.

1914 – Зодрӯзи шоир Болтақул Диёрӣ.

1924 – Мавлуди якумин пионердухтар, дорандаи ордени Ленин, олими забоншинос Мамлакат Наҳангова.

1932 – Зодрӯзи олим Анвар Садриддинов.

1947 – Мавлуди адабиётшинос, арбоби давлатӣ Абдураҳмон Абдуманнонов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксран бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +1+6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +1+6; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона -4+1.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона 0+5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +11+13.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +2+4.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.