Ниммарафони байнулмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт

Ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахт, ки имсол 15 апрел таҷлил мегардад, дар Душанбе бо иштироки варзишгарони хориҷӣ Ниммарафони VIII байналмилалӣ баргузор мешавад. Мувофиқи қарори раиси пойтахт, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ниммарафон аз буҷети шаҳр беш аз 316 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор доллар) мабдағ ҷудо карда мешавад. Чорабинии мазкур бо мақсади «таъмини оммавияти […]

Asia-Plus

Ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахт, ки имсол 15 апрел таҷлил мегардад, дар Душанбе бо иштироки варзишгарони хориҷӣ Ниммарафони VIII байналмилалӣ баргузор мешавад.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ниммарафон аз буҷети шаҳр беш аз 316 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор доллар) мабдағ ҷудо карда мешавад.

Чорабинии мазкур бо мақсади «таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта» доир мегардад.

Дар қарори мазкур ба тасдиқи низомнома, ҳайати Кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва сметаи хароҷоти Ниммарафони VIII байналмилалии Душанбе дастур дода шудааст.

Кумитаи тадорукот 15 апрели соли 2017, соати 09:00 мусобиқаи Ниммарафони VIII байналмилалии Душанберо мутобиқи хати дави муайянгардида доир менамояд. Ҳамчунин Кумитаи тадорукот дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо раҳбарияти пойтахт ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намудани чорабинии зикршуда вазифадор шудааст.

«Бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд», – қайд мешавад дар қарор.

Қобили зикр аст, ки нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки варзишгарони аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.