Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Русия барои ҳалли мушкилоти алоқаи ҳавоӣ

Ҳайати Тоҷикистон иборат аз намояндагони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ имрӯз ба пойтахти Русия раҳсипор мешаванд. Ба савол дар бораи аз имрӯз ҷорӣ шудани манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягии «Уралские авиалинии» ва «ЮТэйр» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки инро вақт нишон медиҳад. «Ҷониби Русия алҳол доир ба манъи […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон иборат аз намояндагони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ имрӯз ба пойтахти Русия раҳсипор мешаванд.

Ба савол дар бораи аз имрӯз ҷорӣ шудани манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягии «Уралские авиалинии» ва «ЮТэйр» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки инро вақт нишон медиҳад.

«Ҷониби Русия алҳол доир ба манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ҳеҷ посухе надода, танҳо ба гуфтушунид даъват кард, – гуфт як манбаъ дар Вазорат. – Доир ба манъи парвозҳо гуфта метавонам, ки агар онҳо ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати мо иҷозат диҳанд, мо ҳам аз манъкунӣ даст мекашем».

Қаблан аз Вазорати нақлиёт хабар дода буданд, ки Тоҷикистон ба ҷониби Русия огоҳинома фиристодааст, ки дар он гуфта мешавад, агар Вазорати нақлиёти ин кишвар маҳдудиятҳои парвоз нисбати ширкати «Сомон Эйр»-ро бекор накунад, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «UTair»-ро аз Маскав ба Душанбе аз 6 апрел манъ мекунад.

Имрӯз аз шаҳри Хуҷанд ширкатҳои зерин парвозҳо ба шаҳрҳои Русияро анҷом медиҳанд: «Сибирские авиалинии» (Маскав, Новосибирск), «Глобус» (Новосибирск), Nordstar (Санкт-Петербург), UTair (Нижневартовск, Сургут, Тюмен, Маскав), «Уралские авиалинии» (Ростов-на-Дону, Екатеринбург, Самара, Санкт-Петербург, Красноярск), «Тоҷик Эйр» (Жуковский, Екатеринбург, Нижневартовск, Новосибирск, Санкт-Петербург. Ҳамаи ин ширкатҳо иҷозатнма дошта, парвозҳо тибқи зарурат ва мувфиқи имкон сурат мегиранд.

Аз шаҳри Кӯлоб ба Русия (Маскав) парвозҳо танҳо аз ҷониби ширкати «Уралские авиалинии» анҷом дода шуда, лекин ширкатҳои «Сибирские авиалинии» ва «Тоҷик Эйр» низ иҷозатнома доранд.

Аз шаҳри Душанбе хатсайрҳои ширкатҳои зерин ба шаҳрҳои Русия амал мекунанд: «Сомон Эйр» (Маскав, Новосибирск, Екатеринбург, Сочи, Қазон, Красноярск, Иркутск, Краснодар, Санкт-Петербург), «Тоҷик Эйр» (Маскав, Екатеринбург, Новосибирск), UTair (Маскав), «Уралские авиалинии» (Жуковский, Санкт-Петербург, Краснодар, Красноярск, Қазон, Уфа, Самара, Екатеринбург, Челябинск), «Сибирские авиалинии» (Новосибирск).

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.