Пешниҳоди ислоҳот дар бонкҳои Тоҷикистон баҳри тақвияти фаъолият

Бонки осиёгии рушд (БОР) суст шудани рушди иқтисоди Тоҷикистон то 4,8% дар соли 2017 ва болоравии он то 5,5% дар соли 2018-ро пешгӯӣ мекунад. Дар ин бора дар нашрияи «Гузориши рушди Осиё-2017»-и Бонк хабар дода мешавад. «Рушди иқтисод дар Тоҷикистон дар сли 2017 дар сатҳи 4,8% пешбинӣ мегардад, зеро талафоти зиёд аз қарзҳо пешниҳоди ин […]

Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) суст шудани рушди иқтисоди Тоҷикистон то 4,8% дар соли 2017 ва болоравии он то 5,5% дар соли 2018-ро пешгӯӣ мекунад. Дар ин бора дар нашрияи «Гузориши рушди Осиё-2017»-и Бонк хабар дода мешавад.

«Рушди иқтисод дар Тоҷикистон дар сли 2017 дар сатҳи 4,8% пешбинӣ мегардад, зеро талафоти зиёд аз қарзҳо пешниҳоди ин хизматгузории бонкиро маҳдуд карда, сатҳи пасти интиқоли маблағҳо истеъмолро коҳиш медиҳад», – омадааст дар гузориш.

Иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Тоичик Чансават зикр кардааст, ки барои дастгирии рушди бахши хусусӣ ва афзоиши устувор, ба Тоҷикистон барои барқарор намудани бахшҳои бонкӣ ва молиявӣ ислоҳоти таъҷилӣ зарур аст.

Таҳлилгарони БОР ба Тоҷикистон дар дурнамои миёнамуҳлат баланд бардоштани нишондиҳандаи кофӣ будани сармоя барои болоравии эътимод ба низоми бонкӣ, таҳияи тартиби суғуртаи қарз ва кафолат баҳри пешбурди маблағгузории содирот, ҷорисозии хизматгузоиҳои бонкии бештар мусоид ва муосир ва аз бонкҳо талаб кардани ифшои маълумот доир ба моликон ва нишондиҳандаҳои молиявиро тавсия медиҳанд.

Пешгӯӣ мешавад, ки соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон то 8,0% боло рафта, соли 2018 то ба 7,0% поин меравад. Соли 2016 мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.