Трамп: ДИ-ро маҳв карда, аз тамаддун ҳимоят мекунем

Президенти ИМА Доналд Трамп ваъда дод, ки ҳамроҳ бо ҳампаймонони кишвараш гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро маҳв хоҳад кард.  "ДИ-ро маҳв карда, аз тамаддун ҳимоят мекунем. Мо интихоби дигаре надорем", – гуфтааст президент Трамп дар нишасти хабарии муштарак бо шоҳи Урдун  Абдулло II. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, раҳбари Кохи сафед ҳамчунин иброз […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп ваъда дод, ки ҳамроҳ бо ҳампаймонони кишвараш гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро маҳв хоҳад кард.

 "ДИ-ро маҳв карда, аз тамаддун ҳимоят мекунем. Мо интихоби дигаре надорем", – гуфтааст президент Трамп дар нишасти хабарии муштарак бо шоҳи Урдун  Абдулло II.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, раҳбари Кохи сафед ҳамчунин иброз доштааст, ки баъди шунидани хабари ҳамлаи кивиёвӣ дар шаҳри Хон-Шайхуни Сурия муносибаташ бо президент Башор Асад тағйир ёфт.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Сурия бо истифодаи силоҳи кимиёӣ "тамоми марзҳоро убур кард" ва ин барои ӯ "хатти сурх" аст.

Мухолифони Сурия 4 апрел хабар доданд, ки дар натиҷаи ҳамлае дар Хон-Шайхун даҳҳо одам ҷон дод. Ба гумони табибони маҳаллӣ, дар ин ҳамла гази фалаҷкунандаи аъсоб истифода шудааст. Шӯришгарон онро кори нерӯҳои ҳукумати Сурия меноманд.

ИМА ва кишварҳои Аврупо дар ин ҳамлаи кимиёӣ президент Башор Асадро айбдор карданд ва намояндаи доимии Амрико дар СММ Никки Ҳейлӣ гуфт, агар Шӯрои амният чора наандешад, Вашингтон зидди ҳукумати Сурия таҳрим ҷорӣ хоҳад кард.

Русия хабар дод, ки нерӯҳои ҳавоии Сурия 4 апрел анбори гулӯлаҳои заҳрогинро бомбаборон карданд. Бино ба фарзияи Москва, бо ин навъи таслиҳот террористон дар Сурия ва Ироқ таъмин шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.