Худдории Тоҷикистон аз манъи парвози ҳавопаймоҳои русиягӣ

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон алҳол аз манъи парвози ҳавопаймоҳои ду ширкати русиягӣ аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аз 6 апрел, ки қаблан эълон карда буд, худдорӣ варзида, идораҳои нақлиёти ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил кардаанд, ки лаҳзаҳои баҳснокро сари мизи гуфтушунид ҳал кунанд. «Манъи имрӯз пешбинишуда амалӣ нашуд, зеро ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баҳсро […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон алҳол аз манъи парвози ҳавопаймоҳои ду ширкати русиягӣ аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аз 6 апрел, ки қаблан эълон карда буд, худдорӣ варзида, идораҳои нақлиёти ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил кардаанд, ки лаҳзаҳои баҳснокро сари мизи гуфтушунид ҳал кунанд.

«Манъи имрӯз пешбинишуда амалӣ нашуд, зеро ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баҳсро дар гуфтушунидҳо ҳал мекунанд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Пагоҳ, 7 апрел ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода ҷиҳати гуфтушунид ба Маскав меравад. Қаблан зикр гардида буд, ки ин ҳайат имрӯз ба пойтахти Русия раҳсипор мегардад.

Рӯзи чоршанбе вазири нақлиёти Русия Максим Соколов дар ин робита ба журналистон изҳор намудааст, ки Вазорат мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро ҷиҳати баргузор намудани гуфтушунид даъват кардааст.

«Мо даъватнома фиристодем ва ҳамеша ба гуфтушунид омодаем, – иброз доштааст Соколов. – Суханони имрӯз гуфтаи манро ҳамчун даъвати кушод қабул карда метавонед, вале таъкид месозам, ки мо аз манфиатҳои соҳаи худ ҳимоя карда, тадбирҳои дахлдор хоҳем андешид».

Қаблан аз Вазорати нақлиёт хабар дода буданд, ки Тоҷикистон ба ҷониби Русия огоҳинома фиристодааст, ки дар он гуфта мешавад, агар Вазорати нақлиёти ин кишвар маҳдудиятҳои парвоз нисбати ширкати «Сомон Эйр»-ро бекор накунад, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «UTair»-ро аз Маскав ба Душанбе аз 6 апрел манъ мекунад.

Зикр гардида буд, ки ба сифати посух 4 парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе ва 3 парвози ширкати «ЮТэйр» ба Хуҷандро манъ мекунанд ва айни замон аз ҷониби Русия посухро интизоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.