Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли офатҳои табиӣ дар рӯзҳои наздик

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, тайи се рӯзи оянда аз сафар ба мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд. Умеда Юсупова, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтааст, аз 6 то 9 апрел дар робита ба боришот ва баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои куҳӣ ва дараҳои кишвар эҳтимоли фаромадани тарма, сел, ярч […]

Хабаргузории “Озодагон”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, тайи се рӯзи оянда аз сафар ба мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.

Умеда Юсупова, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтааст, аз 6 то 9 апрел дар робита ба боришот ва баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои куҳӣ ва дараҳои кишвар эҳтимоли фаромадани тарма, сел, ярч ва сангрезӣ мавҷуд аст.

«Ғайр аз ин, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ки метавонад ба обхезии манотиқи наздисоҳилӣ оварда расонад, низ аз эҳтимол дур нест», – қайд кардааст номбурда.

Гуфта мешавад, дар робита, кумита аз аҳолии кишвар ва меҳмонон хоҳиш кардааст, дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор ва сафар ба манотиқи хавфнок худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин ба маълуомти шаҳрвандон расонида шудааст, ки дар вақти ҳолатҳои фавқулодда ё дигар нохушиҳо шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои зер муроҷиат намоянд:

-навбатдори масъули Кумита-221-91-19, 223-13-11;

-навбатдори масъули Ситоди шаҳри Душанбе – 225-44-62, 225-44-76;

-навбатдори масъули Ситоди ВМКБ – (3522) 24057, 22744;

-навбатдори масъули Ситоди вилояти Суғд- (3422) 51555, 57995;

-навбатдори масъули Ситоди вилояти Хатлон – (3222) 23505, 27827;

– навбатдори масъули Ситод дар минтақаи Кӯлоб – (3322) 21656, 21657;

-навбатдори масъули Ситод дар минтақаи Рашт –(3131) 22374;

– навбатдори масъули Ситод дар минтақаи Ҳисор – (3139) 26074.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.