Пулиси рус муҳоҷирони тоҷикро муҷозот намекунад

Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав дастур гирифтаанд, ки нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба риоя накардани муқаррароти қонунгузории муҳоҷират парвандаҳои маъмурӣ боз накунанд. Бино ба маълумоти хабаргузории Life, ин ҷо сухан сари пурра аз муҷозот озод шудани шаҳрвандони Тоҷикистон сухан нарафта, қонуншиканон ва ҷинояткорон боздошту изи ангуштонашон гирифта мешавад ва ҳамчунин онҳо мувофиқи пойгоҳҳои махсуси бақайдгирӣ […]

Asia-Plus

Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав дастур гирифтаанд, ки нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба риоя накардани муқаррароти қонунгузории муҳоҷират парвандаҳои маъмурӣ боз накунанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории Life, ин ҷо сухан сари пурра аз муҷозот озод шудани шаҳрвандони Тоҷикистон сухан нарафта, қонуншиканон ва ҷинояткорон боздошту изи ангуштонашон гирифта мешавад ва ҳамчунин онҳо мувофиқи пойгоҳҳои махсуси бақайдгирӣ дақиқан санҷида мешаванд.

Дар давраи авфи муҳоҷирон, ки аз 25 март то 24 апрел дар саросари Русия амал мекунад, муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва қонуншиканон метавонанд ба шуъбаи муҳоҷирати ВКД омада, дар ин ҷо ба онҳо барои бақайдгирии расмӣ ва ҳуқуқи будубош имкон медиҳанд. Маҳз дар ҳамин давра аз муҷозоти маъмурӣ барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷират истифода намешавад.

Зимни муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон ба шуъбаҳои пулис, муҳлати будубоши муваққатии онҳо аз санаи пешниҳоди ариза 90 шабонарӯз дароз мешавад. Дар сурати гум кардани корти муҳоҷират, нусхаи он дода шуда, ҳангоми зарурат дар он муҳлати ҳузури муваққатӣ низ тамдид мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.