Беқурбшавии сомонӣ: БМТ ҳаннотонро айбдор медонад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар беқурбшавии идомадоштаи пули миллӣ ҳаннотонро айбдор медонад, ки ба таври оммавӣ аз бонкҳо доллар харидорӣ намуда, сипас онро ғайриқонунӣ бо қурби баланд мефурӯшанд.

«Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рӯзҳои охир дар бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд зери таъсири омилҳои равонӣ ва ҳаннотӣ миёни аҳолӣ як ҳолати ногувори воҳимаю таҳлука ба миён омадааст», – гуфта мешавад дар маълумоти БМТ.

Қайд мешавад, ки пайдо шудани фарқияти назаррас дар байни қурби бозори расмӣ ва ғайрирасмии хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд боиси он гаштааст, ки шахсони воқеӣ ба таври оммавӣ бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ, фурӯхтани асъори нақдро аз ташкилотҳои қарзӣ талаб менамоянд.

«Ҳолати мазкур ва таъсири дигар омилҳо талабот ба доллари ИМА-и нақдро яку якбора ба маротиб зиёд карда, ба мунтазам баланд шудани қурби фурӯши он ва фаъол шудани бозори ғайрирасмӣ сабаб гаштааст», – таъкид мекунанд дар БМТ.

Дар ин робита ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шудаанд, ки маблағҳои нақдии аз аҳолӣ харидашударо, ҳатман ба худи аҳолӣ мубодила карда, бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҳаҷми фурӯши асъори хориҷии нақдро аз ҳисоби худ зиёд намоянд.

Ҳамзамон ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шудааст, ки барои муайян ва баҳисобгирии шахсони воқеие, ки мунтазам асъори нақдро бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ харидорӣ менамоянд, чораҳои зарурӣ андешида, фурӯши нақдинаро ба онҳо манъ намоянд.

«Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоми масъулият изҳор менамояд, ки вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллӣ зери мушоҳида ва назорати доимӣ қарор дошта, барои ба эътидол овардани ҳолати бозори нақдии хариду фурӯши доллари ИМА ва таъмини муътадилии тағйирёбии қурби пули миллӣ, тамоми чораҳои зарурӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда мешаванд», – итминон медиҳад БМТ.

Қобили зикр аст, ки мунтазам поинравии қурби сомонӣ нсибати доллар аз нимаи моҳи феврал оғоз гардида, аз оғози сол қурби сомонӣ нисбати доллар дар бозори нақдӣ 11,3% –  аз 7,92 сомонӣ барои 1 доллар дар аввали сол то 8,82 сомонӣ айни замон боло рафт.

Қаблан дар БМТ изҳор дошта буданд, ки яке аз сабабҳои поинравии қурби сомонӣ афзоиши ҳаҷми пул дар гардиш буда, охири моҳи феврал 8,4 млрд. сомонӣ дар муомилот қарор дошт, ки нисбат ба ҳаҷми ҳамин давраи соли гузашта қариб 60% зиёдтар аст ва моҳи охир ҳаҷми пул дар гардиш боз 1,3 млрд. сомонӣ зиёд шуда, 9,7 млрд. сомониро ташкил додааст.

Зикр гардида буд, ки афзоиши ҳаҷми пул бар асари дастгирии бонкҳои дучори мушкилот аз ҷониби ҳукумат ба вуҷуд омада, он ба нишондиҳандаҳои монетарӣ ва пулӣ таъсири назаррас расонид, ки ба пайдо шудани хатарҳои қурбӣ ва таваррум дар иқтисод боис гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...