Коҳиши майли ҷавонони хатлонӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар вилояти Хатлон нисбат ба солҳои қаблӣ камшавии сатҳи гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ ба мушоҳида мерасад.

Тавре Искандар Солеҳзода, сардори РВКД дар вилояти Хатлон зимни сӯҳбаташ бо сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод, бо шарофати бурдани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ, дастгирии волидайн ва ҷомеа, сатҳи гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 149 ҷиноятҳои дорои характери ифротгароӣ ва террористӣ ба қайд гирифтаву ошкор ва аз рӯи ин далелҳо 111 нафар шаҳрвандон дастгир ва ба маҳбас кашида шуданд.

Солеҳзода таъкид дошт, ки дар ҷангҳои мазҳабии кишварҳои Сурия ва Ироқ 200 ҳамватанони мо кушта шудаанд, ки касе намедонад дар куҷо ва чӣ гуна хок шудаанд.

«Бояд қайд кард, ки солҳои пеш 1462 нафар  ҷавонону наврасони вилояти Хатлон ғайрирасмӣ дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил дошта, аз ин шумор то ба имрӯз бо дастгирии падару модарон ва дигар сохторҳои давлати 1334 нафарашон ба Ватан баргардонда шуданд, – хотиррасон намуд ӯ. – Мутаассифона, 128 нафари онҳо барнагаштаанд»

Сардори Раёсати ВКД дар вилоят гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарчашмаи гаравиши ҷавонони мо аз таҳсили ғайрирасмии онҳо дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар маншаъ мегирад.

 

Ба андешаи ӯ, муҳимтарин самти пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳои ифротгарову тарерористӣ тарбияи дурусти маънавию ҷисмонӣ  ва инкишофи ҳисси ватанпарастӣ дар ботини онҳо мебошад.

«Ҳамчунин  аз таблиғоти гуруҳҳои ифротгарову террористӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон, пешгирӣ кардани зуҳуроти ифротгароӣ ва таассуби  динӣ байни ҷавонон, мусоидат ва тавсеъа бахшидани эҳсосоти худшиносию  садоқат ба ватан, фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи ҳуқуқию фарҳангии ҷавонон мебошад», – зикр кард номбурда.

Искандар Солеҳзода дар поёни сӯҳбаташ ба ҳамаи шаҳрвандон ва аҳли ҷомеъа барои дастгирии мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳои ифротгарою террористӣ миннатдорӣ изҳор намуд.

Қобили зикр аст, ки Искандар Солеҳзода собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ чанде қабл ба курсии сардори РВКД дар вилояти Хатлон таъин гардида, ин аввалин вохӯрии Солеҳзода ба ҳайси сардори ин ниҳод  бо сокинони вилоят мебошад.  Дар ин вохӯрӣ беш аз ҳазор нафар сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳузур доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...