Беморхонаи Қарияи Боло ба ҳолати замони шӯравӣ бармегардад

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Савдогарони нуқтаҳои фурӯш (киоскҳо)-и назди Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) мегӯянд, ба онҳо то 15 апрел муҳлат додаанд, то ки борашонро аз нуқтаҳо бароранд, зеро мувофиқи дастури ҳукуматдорон, ин нуқтаҳои фурӯш кӯчонида мешаванд.

Барои кӯчонидани нуқтаҳо ба қаламрави беморхона кран оварда шудааст. Ба савдогарон гуфтаанд, ба ҷойи 50 нуқтаи фурӯш ва киоски газетафурӯшӣ гулгашту гулзорҳо бунёд шуда, дорухонаҳо на ва нуқтаҳои фурӯши нав сохта мешаванд ва ҳамааш чун дар замони шӯравӣ мешавад.

Як намояндаи Маркази тиббӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки мушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ рӯзи душанбе ба беморхона омада, дастур додааст, ки ҳамаи нуқтаҳои фурӯш то 15 апрел аз байн бардошта шаванд.

«Абдуҷаббор Азизӣ гуфт, ки қаламрави беморхона чун дар замони шӯравӣ мешавад, вале мо куҷо равем?, – мегӯянд савдогарон. – Ба иваз барои мо ҷой намедиҳанд ва мо корамонро аз даст медиҳем. Дорухонаҳоро ҳам аз байн мебардоранд, вале ба ҷойи он бинои муосир сохта, онҳо метавонанд боз дар он ҷо кор кунанд, лекин мо бекор мемонем».

Баҳри шарҳи масъала «Азия-Плюс» кӯшиш кард, ки бо Абдуҷаббор Азизӣ тариқи телефон тамос бигирад, аммо баъди огаҳӣ ёфтан аз масъалае, ки мо пурсиданӣ будем, ӯ гӯшаки телефонро гузошт.

Дар ҳукумати ноҳияи Сино, ки Маркази миллии тиббӣ дар қаламрави он ҷойгир аст, тасдиқ намуданд, ки ба онҳо доир ба аз байн бурдани ҳамаи нуқтаҳои фурӯш дар қаламрави беморхона дастури шифоҳӣ расидааст, аммо муовини аввали раиси ноҳияи Сино Ҳайдар Гулаҳмадов сабаби кӯчонибани нуқтаҳои фурӯшро шарҳ дода натавонист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...