Беморхонаи Қарияи Боло ба ҳолати замони шӯравӣ бармегардад

Савдогарони нуқтаҳои фурӯш (киоскҳо)-и назди Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) мегӯянд, ба онҳо то 15 апрел муҳлат додаанд, то ки борашонро аз нуқтаҳо бароранд, зеро мувофиқи дастури ҳукуматдорон, ин нуқтаҳои фурӯш кӯчонида мешаванд. Барои кӯчонидани нуқтаҳо ба қаламрави беморхона кран оварда шудааст. Ба савдогарон гуфтаанд, ба ҷойи 50 нуқтаи фурӯш ва киоски газетафурӯшӣ гулгашту гулзорҳо […]

Савдогарони нуқтаҳои фурӯш (киоскҳо)-и назди Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) мегӯянд, ба онҳо то 15 апрел муҳлат додаанд, то ки борашонро аз нуқтаҳо бароранд, зеро мувофиқи дастури ҳукуматдорон, ин нуқтаҳои фурӯш кӯчонида мешаванд.

Барои кӯчонидани нуқтаҳо ба қаламрави беморхона кран оварда шудааст. Ба савдогарон гуфтаанд, ба ҷойи 50 нуқтаи фурӯш ва киоски газетафурӯшӣ гулгашту гулзорҳо бунёд шуда, дорухонаҳо на ва нуқтаҳои фурӯши нав сохта мешаванд ва ҳамааш чун дар замони шӯравӣ мешавад.

Як намояндаи Маркази тиббӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки мушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ рӯзи душанбе ба беморхона омада, дастур додааст, ки ҳамаи нуқтаҳои фурӯш то 15 апрел аз байн бардошта шаванд.

«Абдуҷаббор Азизӣ гуфт, ки қаламрави беморхона чун дар замони шӯравӣ мешавад, вале мо куҷо равем?, – мегӯянд савдогарон. – Ба иваз барои мо ҷой намедиҳанд ва мо корамонро аз даст медиҳем. Дорухонаҳоро ҳам аз байн мебардоранд, вале ба ҷойи он бинои муосир сохта, онҳо метавонанд боз дар он ҷо кор кунанд, лекин мо бекор мемонем».

Баҳри шарҳи масъала «Азия-Плюс» кӯшиш кард, ки бо Абдуҷаббор Азизӣ тариқи телефон тамос бигирад, аммо баъди огаҳӣ ёфтан аз масъалае, ки мо пурсиданӣ будем, ӯ гӯшаки телефонро гузошт.

Дар ҳукумати ноҳияи Сино, ки Маркази миллии тиббӣ дар қаламрави он ҷойгир аст, тасдиқ намуданд, ки ба онҳо доир ба аз байн бурдани ҳамаи нуқтаҳои фурӯш дар қаламрави беморхона дастури шифоҳӣ расидааст, аммо муовини аввали раиси ноҳияи Сино Ҳайдар Гулаҳмадов сабаби кӯчонибани нуқтаҳои фурӯшро шарҳ дода натавонист.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.