Шикояти Алишер Усмонов аз болои сиёсатмадори мухолифи давлати Русия Алексей Навалний

Миллиардери ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов аз боло сиёсатмадори мухолифи давлати Русия Алексей Навалний ва Бунёди мубориза бо коррупсия (БМК)-и ӯ ба додгоҳи ноҳияи Люблинои Москва шикоят бурд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба РИА Новости, ин шикоят аз болои мухолифи машҳури рус 12 апрел сурат гирифтааст. Ҳадафи даъвои Усмонов ва ҷузъиёти […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Миллиардери ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов аз боло сиёсатмадори мухолифи давлати Русия Алексей Навалний ва Бунёди мубориза бо коррупсия (БМК)-и ӯ ба додгоҳи ноҳияи Люблинои Москва шикоят бурд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба РИА Новости, ин шикоят аз болои мухолифи машҳури рус 12 апрел сурат гирифтааст. Ҳадафи даъвои Усмонов ва ҷузъиёти он гуфта намешавад. Ҳамчунин муҳлати баррасӣ низ номаълум аст.

Ибтидои моҳи марти соли равон БМК натиҷаи таҳқиқотеро дар бораи дороиҳои сарвазири Русия Дмитрий Медведев нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки Усмонов ба сохтори марбути сарвазири Русия – "Сотсгоспроект" дар Рублёвское шоссе замин ва як хонаро ба маблағи 5 миллиард рубл "туҳфа" кардааст.

Миллиардер таъкид мекунад, ки замину хонаро дар чаҳорчӯби муомилаи баробарӣ додааст. Вале БМК мегӯяд, санаде доранд, ки "пора" будани онро исбот мекунад ва омодаанд, онро ба додгоҳ пешниҳод кунанд.

Пештар Алексей Навалний гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки ин даъвои ҳимоят аз шарафи Усмонов ба як абзори фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия зидди ӯ ва БМК табдил ёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.