Русия ба пардохти 3 млн. евро ҷубронпулӣ ба қурбониёни теракти Беслан вазифадор шуд

Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон Русияро вазифадор кард, ки ба хонаводаҳои қурбониёни теракти соли 2004-и Беслан се миллион евро ҷубронпулӣ пардохт кунад. Дар ҳамин ҳол 88 ҳазор евро барои масрафҳои додгоҳӣ таъйин шудааст. Қарори мазкур дар сомонаи додгоҳ нашр шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додгоҳ ҳамзамон чанд шикояти гуруҳи ташаббускори "Модарони […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон Русияро вазифадор кард, ки ба хонаводаҳои қурбониёни теракти соли 2004-и Беслан се миллион евро ҷубронпулӣ пардохт кунад. Дар ҳамин ҳол 88 ҳазор евро барои масрафҳои додгоҳӣ таъйин шудааст. Қарори мазкур дар сомонаи додгоҳ нашр шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додгоҳ ҳамзамон чанд шикояти гуруҳи ташаббускори "Модарони Беслан"-ро ба баррасӣ гирифт. Шумори умумии шикоятҳо бештар аз 400 адад аст.

Дар шикоятҳое, ки ба Додгоҳи Аврупо расидааст, пайвандони қурбоншудаҳо гуфтанд, мақомоти Русия уҳдадориашро дар мавриди ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон иҷро накардааст. Ҷаласаи нахустини додгоҳӣ соли 2014 барпо шуда буд.

Додгоҳи Аврупо қарор кард, ки мақомоти Русия уҳдадориашро дар самти пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ба ҳаёти одамон иҷро накард ва ҳамла ба террористонро дар Беслан тавре ба роҳ намонд, ки талафоти инсон кам шавад.

Ёдрас мекунем, ки 1 сентябри соли 2004 дар занги нахустини мактаби Беслан дар Осетияи Шимолӣ як гуруҳи мусаллаҳ 1128 одамро гаравгон гирифт. Гаравгонон се рӯз дар толори варзиш ва дигар утоқҳои мактаб нигаҳ дошта шуданд. Дар натиҷаи ҳамлаи мақомоти интизомии Русия 334 одам, ки 186 нафарашон кӯдакон буданд, кушта шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.