Дар рейтинги рақобатпазирии туризм мавқеи Тоҷикистон беҳтар шуд

Дар рейтинги Форуми ҷаҳонӣ оид ба рақобатпазирӣ дар бахши туризм Тоҷикистон 12 зина мавқеашро беҳтар карда, миёни 136 кишвари ҷаҳон мақоми 107-ум (рейтинги пешин – 119-ум)-ро касб кард. Рейтинги мазкур шурӯъ аз соли 2007 як маротиба дар ду сол таҳия гардида, дар он кишварҳо аз рӯи 14 мавқеи марбут ба қабулу таваҷҷуҳи сайёҳон, аз ҷумла […]

Asia-Plus

Дар рейтинги Форуми ҷаҳонӣ оид ба рақобатпазирӣ дар бахши туризм Тоҷикистон 12 зина мавқеашро беҳтар карда, миёни 136 кишвари ҷаҳон мақоми 107-ум (рейтинги пешин – 119-ум)-ро касб кард.

Рейтинги мазкур шурӯъ аз соли 2007 як маротиба дар ду сол таҳия гардида, дар он кишварҳо аз рӯи 14 мавқеи марбут ба қабулу таваҷҷуҳи сайёҳон, аз ҷумла мероси таърихӣ ва фарҳангӣ, рушди иқтисоду нақлиёт, шароити меҳмонхонаҳо, соҳаи тиб, сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ ва ғайра баҳогузорӣ мешаванд.

Дар рейтинг Русия – зинаи 43, Қазоқистон – 81 ва Қирғизистон – зинаи 115-умро ишғол карда, Турманистону Ӯзбекистон дар рейтинг ҳузур надоранд.

Дар се зинаи аввали рейтинг Испания, Фаронса ва Олмон ҷойгир шуда, зинаи чорумро Япония ва 5-умро Британияи Кабир касб кардаанд. Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин ИМА, Австралия, Италия, Канада ва Швейтсария низ шомиланд.

Зинаҳои охирини рейтингро Мавритания, Ҷумҳурии Демократии Конго, Бурунди, Чад ва Яман ишғол кардаанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, тӯли 9 моҳи соли гузашта 312 ҳазор нафар ва соли 2015 – 414 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.