Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Бишкек ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ва вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД барпо мешавад.

– Дар маркази тиҷорати «Вефа» дар пойтахт дар мавзӯи «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ дар мисоли Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» маърӯзаи кушод баргузор мешавад. Оғоз соати 16-00;

– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байнулмилалии соҳибкорони ҷавон доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Рӯзҳои 14-15 апрел дар Душанбе таҳти унвони «Ташаакули модели стратегии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» конфронси байнулмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00;

– Аз 13 то 15 апрели соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур шашумин намоишгоҳ- ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия: Душанбе-2017» доир мегардад. Оғоз аз соати 09-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4891 сомонӣ;

1 евро – 9.0231 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1551 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи илми тоҷик.

1951 – Таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон.

2002 – Бо фармони президенти ҶТ санаи 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

2011 — Дар деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нурободи водии Рашт зимни амалиёти махсус Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло ва 16 нафар аъзои гурӯҳи ӯ кушта шуданд.

1916 – Зодрӯзи муаллифи оҳанги Гимни давлатии Тоҷикистон, оҳангсоз Сулаймон Юдаков.

1945 – Мавлуди журналист, сардабири аввалини рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» Муродулло Шерализода.

1991 — Зодрӯзи журналист Меҳрангез Турсунзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +10+15.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +18+23.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4+1, рӯзона +9+14; дар шарқ шабона -7-12, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +10+12.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...