Гуфтушуниди раиси пойтахт бо сафирони Русия ва Ӯзбекистон

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафирони Русия ва Ӯзбекистон дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар вохӯрӣ бо сафири Ӯзбекистон Шоқосим Шоисломов муҳокимаи маҷмӯъи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории шаҳри Душанбе бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳаки асосии мулоқотро […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафирони Русия ва Ӯзбекистон дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар вохӯрӣ бо сафири Ӯзбекистон Шоқосим Шоисломов муҳокимаи маҷмӯъи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории шаҳри Душанбе бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳаки асосии мулоқотро ташкил дод.

Оғози парвозҳо дар хатсайри ҳавоии байни шаҳрҳои Душанбе  ва Тошкент ва рӯзҳои наздик баргузор шудани Намоишгоҳи молҳои саноатии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе аз иқдомоти муҳим дар ин роҳ маънидод гардид.

Ҷонибҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни мошинсозӣ, техникаи маишӣ, асбобҳои рӯзгор ва дигар  ҷанбаҳо мароқ зоҳир карданд.

Зимни дидору гуфтушунид бо сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои   гуногунҷанбаи  ҳамкориҳои миёни  шаҳри Душанбе ва   Русия мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки тайи 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар  ҳамкориҳо сатҳу уфуқҳои навро касб карда, дар ин давра шаҳри Душанбе бо шаҳри Санкт-Петербург муносибатҳои бародаршаҳриро ба роҳ монда, бо дигар шаҳру вилоят ва минтақаҳои Русия равобити ҳамкориро  вусъат бахшид.

Қисми бештари мулоқот ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субъектҳои хоҷагидори Русия дар соҳаҳои гуногун бахшида шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.