Дар қазияи сарҳад Тоҷикистон марзбонони ӯзбекро гунаҳкор медонад

Радиои Озодӣ

Марзбонони тоҷик иддаои марзбонони Узбекистонро рад карданд, ки мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми убури ғайриқонунии марз куштанд.

Раёсати марзбонӣ дар Кумитаи амнияти миллӣ бо ирсоли баёнияе ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳеҷ гуноҳе надорад ва бо айби сарҳадбонони Узбекистон кушта шудааст.

Ҳодиса рӯзи 15-уми апрел дар наздикии рустои Шулум дар ноҳияи Турсунзода ба вуқӯъ пайвастааст ва як шаҳрванди дигари Тоҷикистон захм бардоштааст. Дар баёния омадааст, ки марзбонони Узбекистон бар хилофи тамоми меъёрҳои башарии байналмилалӣ шаҳрванди маҷрӯҳи Тоҷикистонро дар ҷойи ҳодиса гузошта рафтаанд ва рафтори марзбонони кишвари ҳамсоя “нақзи мусаллаҳонаи сарҳади Тоҷикистон аст”.

Аз ин пештар Кумитаи марзбонии Узбекистон гуфт, ки Аслиддин Шоимов, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ҳамла ба марзбонони узбекистонӣ тир хурда кушта шудааст.

Ба гуфтаи марзбонони Узбакистон рӯзи 15-уми апрел се шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми чаронидани чорво дар назди рустои Қуруқсойи Узбакистон марзро убур кардаанд ва бо “сарҳадбонон даъво кардаанд, ки чарогоҳ дар қаламрави Тоҷикистон аст” ва сипас ба сари онҳо калтаку корд кашидаанд.

Дар посух ба гуфтаи мақомоти Узбекистон, марзбонон маҷбур шудаанд, ки барои ҳимояти худ ба самти шаҳрвандони Тоҷикистон тир андозанд.

Аммо дар баёнияи Раёсати марзбонии Тоҷикистон тамоми ин иддаоҳо рад шудааст.Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки ҳодиса дар чарогоҳ дар дохили Тоҷикистон соати 17:30 сурат гирифтааст. “Дар ин вақт, ду марзбони узбек то 100 метр ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда ва подабонҳои тоҷикро дастгир кардаанд. Вақте онҳо гуфтаанд, ки инҷо қаламрави Тоҷикистон аст ва онҳо ба сардори минтақаи марзӣ хабар медиҳанд, яке аз сарҳадбонон ба хашм омада ва гуфтааст, ки “ҳоло ман ба шумо нишон медиҳам.”

Баъди ин ба гуфтаи раёсат, сарҳадбони узбек аз дурии 3 метр ба самти шаҳрвандони Тоҷикистон тир андохтааст ва Аслиддин Шоимовро куштааст. Бародари ӯ аз дасту пояш тир хӯрда ва зинда мондааст. Ба қавли раёсат ба қаламрави Узбекистон бурдани ҷасади Аслиддин Шоимов ва раҳо кардани ду нафари дигар бо ҳадафи пинҳон кардани “амалкарди ғайриқонунии” марзбонони кишвари ҳамсоя будааст.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар ин баёния мегӯянд, зоҳиран шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми бурдан ба қаламрави Узбекистон зинда буд, зеро ҳамтоёни узбекашон наметавонистанд, чунин зуд ному насаби қурбониро маълум кунанд.

Раёсати марзбонӣ мегӯяд, посбонони сарҳад аз кишвари ҳамсоя бар хилофи меъёрҳои байналмилал, созишномаҳои дутарафа ва тавофуқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Узбекистон дар бораи ҳифзи дӯстиву бародарӣ амал кардаанд. Гурӯҳи марзбонии Узбекистон барои таҳқиқи қазия рӯзи 17-уми апрел ба маҳалли ҳодиса омадааст.

Тоҷикистону Узбекистон бештар аз 1100 километр марз доранд ва сарҳади байни ду кишвар дар самти Турсунзода, аксаран таъйину аломатгузорӣ шудааст. Ҷанҷол дар марзи ду кишвар дар гузашта дида шудааст, вале моҷарои нав дар замоне ба вуқӯъ мепайвандад, ки муносиботи Тоҷикистону Узбекистон пас аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешин беҳтар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...