Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар доираи барномаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон» дар меҳмонхонаи «Шератон» таҳти унвони «Таҳлил дар бахши молияи давлатии Тоҷикистон» нахустин конфронси миллӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Олой» (Ош, Қирғизистон) бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 баргузор мешавад;

– Идомаи намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар маркази савдои «Пойтахт-90». Вакти кори намоиш-ярмарка – аз соати 09-00 то 17-00;

– Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ балети А.Адан «Жизел» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 18-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4891 сомонӣ;

1 евро – 9.0375 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1552 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии  ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ.

1946 – Фаъолияти Лигаи миллатҳо ба итмом расида, ҷойи онро СММ иваз кард.

1998 – Эмомалӣ Раҳмонов раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб гардид.

1914 – Зодрӯзи нависанда ва ҷанговари фронт, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Фотеҳ Ниёзӣ.

1927 – Мавлуди нависанда, драматург Аъзам Сидқӣ.

1928 – Зодрӯзи нависанда Маҳмадалишоҳи Ҳайдаршоҳ.

1938 – Зодрӯзи доктори улуми физикаву математика, профессор Бозор Назриев.

1941 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, сароянда Меҳрӣ Исҳоқбоева.

1960 – Зодрӯзи таърихшинос Раҳмоналӣ Шарифов.

1963 – 2015 — Мавлуди Суҳроб Шарифов, вакили парлумон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +18+23.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +10+15; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12 рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +24+26.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...