Ғалабаи дуюми «Истиқлол» дар мусобиқаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО

Радиои Озодӣ

Дастаи Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи “D”, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир гардад, тими “Олой”-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, тӯбҳоро аз дастаи «Истиқлол» Нуриддин Давронов аз ҷаримаи 11-метрӣ (дақ. 45+1), Девид Мавутор, легионери африқоӣ аз Гана (дақ.и 68-ум) ва Дилшод Восиев (дақ. 89-ум) ва аз тими мизбонон Алиа Силла, легионери африқоӣ аз Гвинея (дақ. 59-ум) ба ҳадаф расонидаанд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” дастаи “Олтин Асир”-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, дар меҳмонӣ тими “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” ҳафтимтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (6-2) дар мақоми аввал ва “Олтин Асир” (5-2) дар мақоми дувум қарор доранд. Дастаи “Дордой” бо се имтиёз дар мақоми севум аст. Тими “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC, ки 3 май барпо мегардад, «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо «Олой» вориди рақобат мешавад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Олтин Асир» дар майдони худ бо “Дордой” рақобат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...