Ғалабаи дуюми «Истиқлол» дар мусобиқаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО

Дастаи Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи “D”, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир гардад, тими “Олой”-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, тӯбҳоро аз дастаи «Истиқлол» Нуриддин Давронов аз ҷаримаи 11-метрӣ (дақ. 45+1), Девид Мавутор, легионери […]

Радиои Озодӣ

Дастаи Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи “D”, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир гардад, тими “Олой”-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, тӯбҳоро аз дастаи «Истиқлол» Нуриддин Давронов аз ҷаримаи 11-метрӣ (дақ. 45+1), Девид Мавутор, легионери африқоӣ аз Гана (дақ.и 68-ум) ва Дилшод Восиев (дақ. 89-ум) ва аз тими мизбонон Алиа Силла, легионери африқоӣ аз Гвинея (дақ. 59-ум) ба ҳадаф расонидаанд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” дастаи “Олтин Асир”-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, дар меҳмонӣ тими “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” ҳафтимтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (6-2) дар мақоми аввал ва “Олтин Асир” (5-2) дар мақоми дувум қарор доранд. Дастаи “Дордой” бо се имтиёз дар мақоми севум аст. Тими “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC, ки 3 май барпо мегардад, «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо «Олой» вориди рақобат мешавад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Олтин Асир» дар майдони худ бо “Дордой” рақобат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.