Трамп фармон дар доираи сиёсати «Америка дар ҷойи аввал»-ро имзо кард

Президенти ИМА Доналд Трамп дар доираи сиёсти худ «Америка дар ҷойи аввал» фармонеро ба имзо расонид, ки «Истеҳсоли амрикоиро бихар, амрикоиҳоиро киро кун» номида мешавад. Хабаргузории РБК бо истинод ба The New York Times менависад, фармон ба ҳавасмандсозии истеҳсолот дар дохили кишвар равона гардида, бозбинии ҷараёни пешниҳоди раводидҳои кории H-1B-ро дар назар дорад. Расми имзои […]

Президенти ИМА Доналд Трамп дар доираи сиёсти худ «Америка дар ҷойи аввал» фармонеро ба имзо расонид, ки «Истеҳсоли амрикоиро бихар, амрикоиҳоиро киро кун» номида мешавад.

Хабаргузории РБК бо истинод ба The New York Times менависад, фармон ба ҳавасмандсозии истеҳсолот дар дохили кишвар равона гардида, бозбинии ҷараёни пешниҳоди раводидҳои кории H-1B-ро дар назар дорад.

Расми имзои фармон дар корхонае дар Кеноши штати Висконсин доир гардида, Трамп изҳор доштааст, ки ин фармон ба «дуздии некӯаҳволии амрикоӣ» хотима мебахшад, ки ба ақидаи ӯ, пардохти хеле пасти кори муҳоҷирон ба ин ҳолат боис гардидааст.

Дар фармон ба вазоратҳои меҳнат, адлия, амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ дастур дода шудааст, ки дар мавриди тағйири тартиби пешниҳоди раводидҳои кории H-1B, аз ҷумла тасодуфан додани онҳо тадбирҳо пешниҳод намоянд.

Дар ин росто зимни пешниҳоди раводидҳои кории H-1B ҳукуматдорони ИМА минбаъд ният доранд, ки ин ҷараёнро бештар дақиқкорона пайгирӣ намоянд, то ки онҳо бештар ба кормандони соҳибтахассус дастрас гарданд.

Қобили зикр аст, ки 80%-и коргароне, ки тариқи дастрасии раводидҳои кории H-1B ба ИМА меоянд, камтар аз сатҳи миёна дар соҳаҳои худ музди меҳнат мегиранд.

Мутобиқи қонунгузории ИМА, бо методи лотерея ба бакалаврон 65 ҳазор раводид ва ба донишҷӯёни хориҷии хатмкардаи магистратура боз 25 ҳазор раводид дода мешавад. Аксарияти раводидҳоро мутахассисон дар соҳаи лоиҳакашӣ ва барномасозии техникӣ соҳиб мешаванд.

Ҳамин тариқ, бино ба маълумоти Reuters, 15%-и кормандони шабакаи иҷтимоии Facebook аз рӯи ин раводид кор мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...