Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли СААД Валерий Семериков бо сафари корӣ ба Душанбе меояд;

– Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии тағйироту иловаҳо ба Кодекси гумрук дар назар аст;

– Клуби соҳибкорони ҷавон дар спорт-бари «Истиқлол» дар мавзӯи «Пардохти андоз аз фоида ва механизми муроҷиат бо шикоят барои андозсупорандагон» семинар баргузор мекунад. Оғоз соати 09-00. Воридшавӣ озодона аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4891 сомонӣ;

1 евро – 9.0765 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1554 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1935 – Дар ИҶШС ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Спартак» таъсис ёфт.

1970 – Дар ИҶШС автомобили нахустини навъи ВАЗ-2101 «Жигули» истеҳсол карда шуд.

2012 — Дар вилояти Суғд нисбати гурӯҳи иборат аз 34 нафар ба иттиҳоми робита доштан бо Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҳукм содир шуд.

2014 — Яке аз собиқадорони журналистикаи ҷумҳурӣ, собиқ директори Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТА) Зайниддин Насриддинов дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

1904 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии ИҶШС Ғуломҳайдар Ғуломалиев.

1908 – Мавлуди доктори улуми биология, профессор Ориф Шукуров, ректори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (солҳои 1953-1957), Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон (солҳои 1944-1953; 1961-1969).

1950 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев.

1962 – Мавлуди доктори улуми техникӣ Зайналобиддин Кобулиев.

1970 — Зодрӯзи журналист Манижа Қурбонова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +16+21; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +8+13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +13+15 рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +30+32.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +19+21.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...