Таваҷҷуҳи муовини сарвазир ба фаъолияти шабакаҳои гармидиҳӣ

Иттилоияи расмӣ

Дар бинои Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Ситод доир ба масъалаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳии пойтахти кишвар барои солҳои 2017-2018 баргузор гардид.

Муовини Сарвазир иттилоъ дод, ки мутобиқи маълумотҳои Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе, шумораи умумии биною иншоотҳое, ки ба онҳо имконияти интиқоли гармӣ вуҷуд дорад, 1530 ададро ташкил мекунад, ки дар онҳо 44675 адад муштариён ба қайд гирифта шудаанд.

Таркиби муштариён аз 44316 адад хонаҳои бисёрошёнаю баландошёна, 78 адад ҳавлию баракҳо, 109 адад муассисаҳои соҳаи маориф, 37 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва 135 адад идораю муассисаҳо иборат мебошад. Бо назардошти васеъ гардонидани имконияти шабакаҳо, шумораи муштариён дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2016-ум 11132 адад ё ин ки 33,2% зиёд мегардад. Дар ин ҳисоб  иншоотҳое, ки аз дегхонаҳои маҳаллӣ гармӣ мегиранд ворид нестанд. 

Муштариёни гармигирандаи шаҳр дар ҳудуди чор ноҳия бо тартиби зайл тақсим шудаанд: ноҳияи И. Сомонӣ 5922 адад ё ин ки 13,2%, ноҳияи Шоҳмансур 6796 адад, ё ин ки 15,2%, ноҳияи Сино 31891 адад ё ин ки 71,4 % ва ноҳияи Фирдавсӣ 66 адад ё ин ки 0,2 %.  

Нишондиҳандаҳои дастрасгардида тасдиқкунандаи он мебошанд, ки ҳолати омодагардонии пойтахт ба гармиқабулкунӣ асосан ба вазъи кор дар ноҳияи Синои пойтахт вобастагӣ дорад, чунки дар ин ноҳия ҳам муштариён зиёд мебошанд ва ҳам мушкилоти шабакаҳои интиқоли гармӣ. Вобаста ба ин зарур шуморида  шуд, ки кӯмаки асосии Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе ва зерсохторҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ин ноҳия равона карда шавад.    

Илова бар ин мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маблағи зарурӣ барои анҷоми корҳои таъмиру омодасозии қубурҳои гармиинтиқолдиҳанда ҷудо карда шудааст ва ин имкон медиҳад, ки ҷараёни иҷрои корҳо вусъат ёбанд.

Муовини Сарвазир аз Директори муассисаи шабакаҳои гармидиҳӣ талаб намуд, ки фаъолияти муассисаашро бо талаботи замони муосир мутобиқ гардонад ва сикли пурраи истеҳсолу интиқол ва истифодабарию ҷамъоварии маблағ бояд дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад, чунки бе анҷом додани ин кор мо наметавонем сокинони пойтахтро бо гармӣ дар фасли зимистон таъмин намоем. 

Ӯ афзуд, ки мутаасифона баъзе нишондиҳандаҳои соли қаблӣ хеле нигаронкунадаанд. Аз ҷумла аз шумораи умумии муштариёни банақшагирифташуда, ки 33543 ададро ташкил мекард,  ҳамагӣ 14314 муштарӣ ё ин ки 42,7 % пурра бо гармӣ таъмин буданд, 15234 адад ё ин ки 45,4 % дигар қисман бо гармӣ таъмин буданд ва 3995 адади ё ин ки 12%-и боқимонда умуман гармироистифода набурданд. Интизориҳои  таъмин намудани сокинони пойтахт бо гармӣ ба кам гардидани истифодаи нерӯи барқ оварда мерасонад, қисман таъмин гардиданд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи тақсимоти ӯхдадориҳо барои интиқоли гармӣ то муштарӣ,  Маркази барқу гармидӣ уҳдадориҳои худро то Бунгоҳи тақсимкунии гармӣ пурра иҷро намудааст. Мушкилоти асосӣ дар фаъолияти МШГД ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр мебошад. Бояд раисони ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо МШГД ҳавасманд бояд бошанд, ки гармиро аз бунгоҳи тақсимоти гармӣ то таҳхонаи биноҳо ва аз таҳхонаи биноҳо то муштарӣ дар якҷоягӣ бо ҷалби муштариён таъмин созанд. Барои бемамоният интиқол додани гармӣ то ба муштарӣ элеваторҳо,  насосҳои обкашӣ ва ифлосгиракҳо бояд ҳамеша дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта бошанд ва мутахассисони соҳавӣ дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардида онҳоро пайваста аз ташхис гузаронанд.

Имсол барои пурра таъмин намудани фаъолияти МБГ-ии шаҳр дар фасли зимистон, мо нақша дорем як миллиону 80 ҳазор тонна ангишт интиқол диҳем. Айни замон зиёда аз 200 ҳазор тонна ангишт захира дорем.

Муовини Сарвазир ба раисони ноҳияҳо, зерсохторҳои МШГД ва ШСХК «Барқи Тоҷик» дастури қатъӣ доданд, ки тамоми корҳои вобаста ба интиқоли гармӣ бояд то 1 августи соли ҷорӣ пурра ҳалли худро пайдо намоянд. Бо ин мақсад сохторҳои болозикр вазифадор карда мешаванд, ки  дар асоси Нақша чорабиниҳои воқеӣ, низоми корро дуруст ба роҳ монда дар давоми ҳар даҳ рӯз маълумоти муфассалро оид ба корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...