Таҷрибаи усули нави истихроҷи тилло дар Тоҷикистон

Олимони Русия ва Чин усули нави истихроҷи тиллоро дар Тоҷикистон таҷриба кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо истифодаи ин усул арзиши тавлиди тиллоро 40 дарсад поин мебарад. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба дафтари матбуотии Донишгоҳи тадқиқотӣ-технологии Русия, усули нав алакай дар кони тиллои Таррори Тоҷикистон санҷида шуда, усули нави олимони русу чинӣ каммасраф […]

Хабаргузории «Озодагон»

Олимони Русия ва Чин усули нави истихроҷи тиллоро дар Тоҷикистон таҷриба кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо истифодаи ин усул арзиши тавлиди тиллоро 40 дарсад поин мебарад.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба дафтари матбуотии Донишгоҳи тадқиқотӣ-технологии Русия, усули нав алакай дар кони тиллои Таррори Тоҷикистон санҷида шуда, усули нави олимони русу чинӣ каммасраф ва самарабахш мебошад.

Вадим Taрасов, профессори Донишгоҳи мазкур дар суҳбат ба расонаҳои русӣ гуфтааст, таҷрибаи ҷадид имкон медиҳад, ки то 90%-и тиллои дар таркиби маъдан мавҷудбуда ҷудо карда шавад.

Ба гуфти ӯ, дар ҷаҳон имрӯз технологияҳое, ки нишондоди беҳтар доранд, мавҷуданд, аммо арзиши онҳо чунон баланд аст, ки истифодаашон дар саноати истихроҷ рушд накардааст.

Манбаъ афзудааст, дар ҳоли ҳозир тиллоро аз маъдан ба воситаи пайвастагиҳои кислотаи сионӣ ва об ҷудо мекунанд, ки то 120 соатро метавонад дар бар гирад.

“Дар таҷрибаи нави пешниҳодкардаи олимони рус ва чинӣ барои истихроҷ инчунин амиак низ омехта мешавад, ки чанд бор суръатро тезтар ва тиллоро тозатар истихроҷ мекунад”, – иброз доштааст номбурда.

Муаллифони тарҳ зикр кардаанд, ки ҷорӣ намудани таҷрибаи нав дар истихроҷи тилло метавонад маблағҳои ҳангуфтро сарфа намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.