Қисмате аз маблағҳои барои бонкҳо пешбинишуда ба сохтмони Роғун равона мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон қисмате аз маблағҳои пешбинишуда барои дастгирии бонкҳои дучори мушкилотро ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун равона мекунад.

Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз пешниҳоди ҳукумат дар бораи дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ барои маблағгузорӣ ба бахши энергетика ва ворид намудани тағйирот ба қарори ҳукумат аз 12 декабри соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.

Муовини вазири молияи ҶТ Ҷамшед Нурмаҳмадиён қайд кард, ки барои рушди соҳаи энергетика ҳукумат дастур медиҳад, ки ба маблағи 530 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок дар шакли вексел нашр шавад.

Ӯ таъкид дошт, ки коғазҳои қиматноки нашршуда ба дастгирии идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона гардида, муҳлати амали векселҳо панҷ сол бо ду фоизи солона аст.

Ба гуфтаи муовини вазир, нахуст дар назар буд, ки ин коғазҳои қимтанок ба дастгирии ду бонки дучори мушкилот – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» равона шаванд.

Нурмуҳаммадиён зикр кард, ки коғазҳои қиматнок барои дастгирии сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби Вазорати молия пас аз имзои шартномаи сеҷониба миёни ин Вазорат, ҶСК «НБО Роғун» ва Бонки миллии Тоҷикистон нашр мешаванд.

«Нахуст векселҳо ба ҶСК «НБО Роғун» ирсол гардида, ҷамъият дар навбати худ ҷиҳати ба воситаҳои пулӣ табдил додани ин коғазҳои қиматнок ба Бонки миллӣ муроҷиат мекунад», – иброз дошт номбурда.

Нурмуҳаммадиён имкони фурӯши минбаъдаи коғазҳои қиматнокро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҷудогонаи манфиатдор аз эҳтимол дур намедонад ва дар ин робита ҳамчунин изҳор намуд, ки «то муҳлати анҷоми амали векселҳо, онҳо аз ҷониби Бонки миллии кишвар идора мешаванд».

Даҳаи охири моҳи декабр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукуматаз 12 декабри соли 2016 дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ намуд.

Дар маҷмӯъ бояд ба бонкҳо ба маблағи умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (наздики 490 млн. доллари ИМА бо қурби 21 декабр) векселҳо пешниҳод мешуданд. Аз ҷумла «Тоҷиксодиротбонк» бояд ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» – 1 млрд. 70 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» – 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» – 80 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок мегирифт.

«Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» қисмате аз ин кумакро дастрас намуда, вале ду бонки дигар – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» аз он бенасиб монданд: санаи 24 феврали соли равон Бонки миллии ҷумҳурӣ дар бораи бозхонди иҷозатнома ва минбаъд маҷбуран барҳамдиҳии ин бонкҳо хабар дод. Айни замон дар ин ташкилотҳои қарзӣ маъмурони аз ҷониби суд таъиншуда ба корҳои расмиёти барҳамдиҳии онҳо машғуланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...