Барои куштори ҳамхизмат сарбоз ба 12,5 соли зиндон маҳкум шуд

Сарбози қисми низомии 06870 Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Сайёдҷон Асоев ба даст доштан дар куштори сарбози 19-сола Эҳсон Элчибеков гунаҳкор эътироф гардида, ба 12,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид. Суд ҳамчунин ду афсари ин қисми ҳарбӣ – Саидмуҳаммад Саъдуллоев ва Иззатулло Аҳмадовро барои роҳ додан ба хунукназарӣ дар хизмат ҳар кадомеро ба як соли зиндон […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Сарбози қисми низомии 06870 Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Сайёдҷон Асоев ба даст доштан дар куштори сарбози 19-сола Эҳсон Элчибеков гунаҳкор эътироф гардида, ба 12,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид.

Суд ҳамчунин ду афсари ин қисми ҳарбӣ – Саидмуҳаммад Саъдуллоев ва Иззатулло Аҳмадовро барои роҳ додан ба хунукназарӣ дар хизмат ҳар кадомеро ба як соли зиндон маҳкум кард.

Эҳсон Элчибеков моҳи майи соли 2016 ба хизмат даъват шуда, дар қисми низомии дар Душанбе воқеъбудаи Вазорати мудофиа хизмат мекард. Рӯзи 16 феврал ӯ ба таври мармуз ба ҳалокат расида, рӯзи 21 феврал ҷасади ӯро ба наздикону пайвандонаш дар деҳаи Бануи ноҳияи Рӯшон супурданд.

Хешовандони сарбоз ба марги табиии Эҳсон бовар накарда, аз ҳукуматдорон талаб карданд, ки гунаҳкорон муҷозот шаванд. Дар ҷараёни тафтиши ҳодиса муайян карда шуд, ки Эҳсонро ҳамхизматаш Сайёдҷон Асоев куштааст.

Тӯли ду соли охир дар артиши Тоҷикистон бар асари истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона 59 нафар сарбозон осеб дидаанд, ки 11 нафарашон ба ҳалокат расидаанд.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.