Беш аз 50 мошин дар иҳотаи барфи ағбаи Кӯҳтезак

Дар ағбаи Кӯҳтезак, дар баландии 4 ҳазору 200 метр беш аз 50 автомашина дармондаанд. Боз наздики 20 автомашинаи дигар дар қисмати болои ағба қарор доранд. Ин навори видео рӯзи 15 апрел сабт шуда, танҳо ҳамин рӯз то ба идораи «Азия-Плюс» расид. Қисмати шарқии Помир то ҳол дар асорати барф аст. Сарфи назар аз талошҳои хадамоти […]

Asia-Plus

Дар ағбаи Кӯҳтезак, дар баландии 4 ҳазору 200 метр беш аз 50 автомашина дармондаанд. Боз наздики 20 автомашинаи дигар дар қисмати болои ағба қарор доранд. Ин навори видео рӯзи 15 апрел сабт шуда, танҳо ҳамин рӯз то ба идораи «Азия-Плюс» расид.

Қисмати шарқии Помир то ҳол дар асорати барф аст. Сарфи назар аз талошҳои хадамоти истифодаи роҳҳои водии Ғунди ноҳияи Шуғнон, ҳаракат дар қитъаи роҳи аз деҳаи Морҷ то Аличури ноҳияи Мурғоби роҳи Душанбе – Хоруғ – Мурғоб (километри 715-ум) тариқи ағбаи Қӯҳтезак хеле хатарнок боқӣ мемонад.

Масофаи роҳи ағбаи Кӯҳтезак 11 километрро ташкил дода, айни замон ин ҷо даҳҳо автомашинаҳо, аксаран автомашинаҳои бузургҳаҷми боркаш аз ҳаракат бозмондаанд, ки аз Чин бор мекашанд. Дар ин ҷо онҳо муддати щабонарӯзҳо таваққуф мекунанд.

«Хадамоти истифодаи роҳ аз уҳдаи тозакунии роҳ аз барф намебароянд, – мегӯянд ронандагони автомашинаҳои дармонда. – Танҳо як булдозер фиристодаанд ва замоне, ки он як қисмати роҳро тоза мекунад, аллакай қисмати дигари роҳ барфпӯш мешавад».

Онҳо зикр карданд, ки хӯрокашон тамом шуда, сӯзишворӣ ҳам начандон зиёд боқӣ мондааст.

Дар ин қисмати роҳ ду истгоҳи кормандони хадамоти истифодабарии роҳ воқеъ буда, обуҳаво то дараҷае сард аст, ки ронандагону мусофирони дар роҳ дармонда худашон роҳ то ин истгоҳҳоро тоза мекунанд, то ки барои шабро рӯз кардан ҷойи мусоид ёбанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.