Тиҷорати муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 35 млн. доллар оғоз мегардад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушуниди соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи ҳамоиши тиҷоратии ҷонибҳо дар Душанбе ба маблағи беш аз 35 млн. доллар қариб 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ширкати истеҳсоли маводи кимиёвии «Узкимёсаноат» доир ба таҳвили маҳсулоти худ ба Тоҷикистон, аз ҷумла навъҳои гуногуни нуриҳои минералӣ 5 қарордод баста, маблағи умумии санадҳои баимзорасида барои давраи солҳои 2017-2018 – 28,4 млн. долларро ташкил дод.

Корхонаи истеҳсоли автомашинаҳои «Узавтосаноат» бо ширкатҳои тоҷикистонии «Лесинвест» ва «Тоҷмоторс» барои давраи солҳои 2017-2018 ба маблағи умумии 1,8 млн. доллар созишнома ба имзо расонид.

Ширкати «Узавтосаноат» ва корхонаҳои зертобеи он дар бораи интиқоли қисмҳои эҳтиётӣ бо ширкатҳои гуногуни Тоҷикистон шартномаҳо ба имзо расонида, вале маблағи он маълум нест.

Ғайр аз ин, зимни вохӯрии доираҳои тиҷоратии кишварҳо дар бораи ба Тоҷикистон интиқол додани масолеҳи сохтмон аз кишвари ҳамсоя чор қарордод ба имзо расидааст, ки маблағи он 500 ҳазор долларро ташкил дода, он давоми ҳамин сол амалӣ мешавад.

Ин қарордодҳо байни ширкатҳои «Квартс» ва «Бестметалконстракшн»-и Ӯзбекистон ва корхонаҳои «Файзи Хуршед», «Пешсаф-1», «Тҷ-Мол» ва «Замон Трейд» имзо шудааст.

Ҳамчунин дар бораи фурӯши маҳсулоти хӯроквории Ӯзбекистон дар Тоҷикистон протокол ба имзо расида, дар қарордоди имзошуда миёни ширкати «Узбекозиқовқатхолдинг» ва ширкати тоҷикистонии «Иқтидор» ба маблағи 2 млн. доллар ҳамкориҳо дар давраи солҳои 2017-2016 пешбинӣ шудааст.

Байни ширкати «Узэлтехсаноат» ва ширкати «Неъматбахш» дар бораи таҳвили таҷҳизоту дастгоҳҳои барқии маишӣ ба Тоҷикистон дар соли 2017 ба маблағи 2,5 млн. доллар Ёддошт ба тасвиб расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...