Тиҷорати муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 35 млн. доллар оғоз мегардад

Аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушуниди соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи ҳамоиши тиҷоратии ҷонибҳо дар Душанбе ба маблағи беш аз 35 млн. доллар қариб 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ширкати истеҳсоли маводи кимиёвии «Узкимёсаноат» доир ба таҳвили маҳсулоти худ ба Тоҷикистон, аз ҷумла навъҳои гуногуни нуриҳои минералӣ 5 қарордод баста, маблағи умумии санадҳои баимзорасида барои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушуниди соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи ҳамоиши тиҷоратии ҷонибҳо дар Душанбе ба маблағи беш аз 35 млн. доллар қариб 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ширкати истеҳсоли маводи кимиёвии «Узкимёсаноат» доир ба таҳвили маҳсулоти худ ба Тоҷикистон, аз ҷумла навъҳои гуногуни нуриҳои минералӣ 5 қарордод баста, маблағи умумии санадҳои баимзорасида барои давраи солҳои 2017-2018 – 28,4 млн. долларро ташкил дод.

Корхонаи истеҳсоли автомашинаҳои «Узавтосаноат» бо ширкатҳои тоҷикистонии «Лесинвест» ва «Тоҷмоторс» барои давраи солҳои 2017-2018 ба маблағи умумии 1,8 млн. доллар созишнома ба имзо расонид.

Ширкати «Узавтосаноат» ва корхонаҳои зертобеи он дар бораи интиқоли қисмҳои эҳтиётӣ бо ширкатҳои гуногуни Тоҷикистон шартномаҳо ба имзо расонида, вале маблағи он маълум нест.

Ғайр аз ин, зимни вохӯрии доираҳои тиҷоратии кишварҳо дар бораи ба Тоҷикистон интиқол додани масолеҳи сохтмон аз кишвари ҳамсоя чор қарордод ба имзо расидааст, ки маблағи он 500 ҳазор долларро ташкил дода, он давоми ҳамин сол амалӣ мешавад.

Ин қарордодҳо байни ширкатҳои «Квартс» ва «Бестметалконстракшн»-и Ӯзбекистон ва корхонаҳои «Файзи Хуршед», «Пешсаф-1», «Тҷ-Мол» ва «Замон Трейд» имзо шудааст.

Ҳамчунин дар бораи фурӯши маҳсулоти хӯроквории Ӯзбекистон дар Тоҷикистон протокол ба имзо расида, дар қарордоди имзошуда миёни ширкати «Узбекозиқовқатхолдинг» ва ширкати тоҷикистонии «Иқтидор» ба маблағи 2 млн. доллар ҳамкориҳо дар давраи солҳои 2017-2016 пешбинӣ шудааст.

Байни ширкати «Узэлтехсаноат» ва ширкати «Неъматбахш» дар бораи таҳвили таҷҳизоту дастгоҳҳои барқии маишӣ ба Тоҷикистон дар соли 2017 ба маблағи 2,5 млн. доллар Ёддошт ба тасвиб расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.