Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар шаҳри Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад; – Дар доираи фестивали «Парасту-2017» дар Театри ба номи Лоҳутӣ спектакли «Ханума»-и Театри драмавии русии ба номи Вл. Маяковский намоиш дода мешавад. Оғоз соати 18-00. Воридшавӣ озодона аст; – Дар варзишгоҳи Локомотив миёни дастаҳои «Локомотив» (Помир) – […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар шаҳри Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад;

– Дар доираи фестивали «Парасту-2017» дар Театри ба номи Лоҳутӣ спектакли «Ханума»-и Театри драмавии русии ба номи Вл. Маяковский намоиш дода мешавад. Оғоз соати 18-00. Воридшавӣ озодона аст;

– Дар варзишгоҳи Локомотив миёни дастаҳои «Локомотив» (Помир) – Кӯктош; Зарбдор (Исфара) – Равшан (Кӯлоб) бозиҳои даври дуюми мусобиқаи футболи Лигаи якуми мамлакат баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 16-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4798 сомонӣ;

1 евро – 9.1124 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1551 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 – Таъсиси театри мусиқиву мазҳакавии ба номи Саидали Вализодаи шаҳри Кӯлоб

2005 — Маросими ботантанаи оғози сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1».

2013 — Дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт дар Душанбе нахустин фестивал-намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» доир гардид.

2014 — Суди шаҳри Турсунзода даъвои Агентии зиддифасоли ҷумҳуриро қонеъ намуда, оид ба мусодираи бозори «Саховат», мутааллиқ ба оилаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳалнома содир намуд.

1950 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театр Баҳодур Миралибеков.

1956 – Зодрӯзи овозхон Машрабхони Қаландар.

1957 – Мавлуди сароянда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +17+22.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +14+19; дар шарқ шабона -3-8, рӯзона +7+12.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +14+19. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +14+16 рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +24+26.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +14+16.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.