Оғохони IV: Ҳамкорӣ бо Русия барои тамоми Осиёи Марказӣ «хеле муҳим аст»

Пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони IV ба Маскав ташриф оварда, бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дидору гуфтушунид кард. «Ҳамкории мо натанҳо барои ҷамоати ман, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳим аст. Маҳз ҳозир мо ниҳодҳои муштарак таъсис медиҳем, ки барои рӯйдодҳои ҷараёндошта дар саросари Осиёи Марказӣ хеле муҳиманд», – гуфтааст Шоҳзода […]

Asia-Plus

Пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони IV ба Маскав ташриф оварда, бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дидору гуфтушунид кард.

«Ҳамкории мо натанҳо барои ҷамоати ман, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳим аст. Маҳз ҳозир мо ниҳодҳои муштарак таъсис медиҳем, ки барои рӯйдодҳои ҷараёндошта дар саросари Осиёи Марказӣ хеле муҳиманд», – гуфтааст Шоҳзода Оғохони IV зимни вохӯрӣ  бо Сергей Лавров.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия бо истинод ба сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар, Сергей Лавров мақоми хосса доштани назари пешвои маънавии исмоилиёнро «натанҳо оид ба мушкилоти Афғонистон, балки доир ба мушкилоти дигари замони муосир низ» қайд кардааст.

«Мебинем, ки шумо дар куҷое набошед, натанҳо ба ҳимоя аз манфиатҳои исмоилиён омода ҳастед, балки хостори кумак ба ҳалли мушкилоте мебошед, ки тайи 10 соли ахир дар вазъи байнулмилалӣ хеле хатарнок шудааст», – иброз доштааст Лавров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.