Тоҷикистон сеяки сементи истеҳсолшударо ба хориҷи кишвар мебарорад

Аз ҳаҷми умумии сементи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон қариб сеяки он ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Ӯзбекистону Қирғизистон ва Афғонистон содирот мешавад. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, давоми моҳҳои январ-марти соли 2017 дар Тоҷикистон ҳудуди 426 ҳазор тонна семент (семоҳаи аввали соли 2016 – 374 ҳазор тонна)  истеҳсол шудааст, ки нисбат […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз ҳаҷми умумии сементи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон қариб сеяки он ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Ӯзбекистону Қирғизистон ва Афғонистон содирот мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, давоми моҳҳои январ-марти соли 2017 дар Тоҷикистон ҳудуди 426 ҳазор тонна семент (семоҳаи аввали соли 2016 – 374 ҳазор тонна)  истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Аз ҳаҷми умумии сементи истеҳсолшуда дар ин давра 38% – ба корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ва 28% – ба «Чунгтсай Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон, 16,6% – ба КМ «Хуаксин Ғаюр Суғд» рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, 31%-и сементи истеҳсолшуда дар ин давра дар Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя содирот шудааст. Дар ин давра ба Афғонистон – 120,4 ҳазор тонна, Ӯзбекистон – 10 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон – 2,7 ҳазор тонна семент интиқол ёфтааст.

Аз ин миқдори сементи содиротшуда 50%-аш ба корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент», 38% – ба «Чунгтай Моҳир семент», 9% – ба «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» ва 3% – ба КМ «Тоҷ Чайна 2013»-и шаҳри Ваҳдат рост меояд.

Тоҷикистон ба содироти семент соли 2015 оғоз карда, ба кишварҳои ҳамсоя 500 тонна ин навъи масолеҳ фиристода шуд. Соли гузашта ҳаҷми содироти семент то 282 ҳазор тонна афзуда, дар зарфи 3 моҳи соли равон ба хориҷи кишвар аллакай беш аз 133 ҳазор тонна семент содирот шудааст.

Тӯли солҳои ахир Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли сементро зиёд карда, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли он дар муқоиса бо соли пешин (соли 2015) 500 ҳазор тонна афзуд ва ҳаҷми рекордии 2 млн. тоннаро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки зимни вохӯрии моҳи октябри соли гузашта бо соҳибкорон ва сармоягузорон нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки тайи 5 соли ахир ҳаҷми истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ аз 200 ҳазор тонна то ба 1,5 млн. тонна расида, соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли он то 2,5 млн. тонна расонида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.