Фурӯравии қитъаи шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент бар асари лағзиши теппа

Қитъаи 60-метраи шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент бар асари поинравии теппа ба андозаи 2-3 метр фурӯ рафт. Ин шоҳроҳ баъди таъмиру азнавсозӣ моҳи октябри соли 2015 бо иштироки президент ба истифода дода шуда буд. Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сабаби аслии фурӯравии қитъаро, ки айни замон низ идома дорад, ба беҳад зиёд будани намнокии хок нисбат дода, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қитъаи 60-метраи шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент бар асари поинравии теппа ба андозаи 2-3 метр фурӯ рафт. Ин шоҳроҳ баъди таъмиру азнавсозӣ моҳи октябри соли 2015 бо иштироки президент ба истифода дода шуда буд.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сабаби аслии фурӯравии қитъаро, ки айни замон низ идома дорад, ба беҳад зиёд будани намнокии хок нисбат дода, бар ин назаранд, ки поинравии қитъа ҳамчунин ба тариқи он гузаштани автомашинаҳои бузургҳаҷми боркаш ва заминҷунбӣ низ вобаста аст.

Зикр гардид, ки қитъаи мазкур аз аввал ҳамчун ба хатар осебпазир арзёбӣ шуда, феълан мутахассисони вазорат дар ҳамдастӣ бо намояндагони дигар сохторҳои дахлдор барои рафъи оқибатҳои ин вазъ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар Вазорат таъкид доштанд, ки барои равуои воситаҳои нақлиёт дар ин қитъа роҳи муваққатӣ амал карда, корҳои пурра барқарор намудани қитъаи асосии роҳ то замони комилан бозмондани поинравии теппа мавқуф гузошта шудаанд.

Ҳамчунин қайд карданд, ки қитъаи роҳи фурӯрафта аз ҷониби ширкате барқарор хоҳад шуд, ки корҳои таъмиру азнавсозиро анҷом додааст, зеро муҳлати кафолатноки истифодаи он ҳоло ба итмом нарасидааст.

Роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент баъди таъмиру азнавсозии сесола моҳи октябри соли 2015 мавриди истифода қарор гирифт. Паймонкори кулли лоиҳаи мазкур ширкати «Сзянчан Бейсинг»-и Чин аст. Арзиши умумии лоиҳа 136 млн. долларро ташкил дода, аз ин миқдор 100 млн. доллар – кумаки ройгони Бонки осиёгии рушд, 22 млн. доллар – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 14 млн. доллар – қарзи ОПЕК (Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи нафт) мебошад.

Масофаи умумии шоҳроҳи таъмиршудаи Айнӣ – Панҷакент – марзи Ӯзбекистон 113 километрро ташкил медиҳад. Ин роҳ қад-қади дарёи Зарафшон (ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент) тӯл кашида, то марзи Ӯзбекистон мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио