Кинофестивали «Нигоҳи баробар» дар ноҳияи Шуғнон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон кинофестивали «Нигоҳи баробар» бо ширкати бештар аз 300 нафар баргузор шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», ин кинофестивал бо иқдоми Иттиҳоди миллии ташкилотҳои волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Савоб» Лайло Нафасшоева гуфт: «Ҳадафи аслии  кинофестивал ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилоти одамони имконияташон […]

АМИТ «Ховар»

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон кинофестивали «Нигоҳи баробар» бо ширкати бештар аз 300 нафар баргузор шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», ин кинофестивал бо иқдоми Иттиҳоди миллии ташкилотҳои волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Савоб» Лайло Нафасшоева гуфт: «Ҳадафи аслии  кинофестивал ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилоти одамони имконияташон маҳдуд, нишон додани неру ва тавонмандии онҳо дар таҳсил ва кору рӯзгор мебошад».

Ба кинофестивал зиёда аз 8 филму лавҳаҳои телевизионӣ дар бораи ҳаёти одамони имконияташон маҳдуд пешниҳод карда шуд. Ҷоизаи асосӣ ба филми мустанади «Мусофиркаш», ки онро хабарнигори шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» Гулоси Мамадлоиқ таҳия намудааст, дода шуд.

Ин филм дар бораи ҳаёти як ҷавон бо номи Ҳувайдо, ки дар кӯдакӣ ба иллати бемории фалаҷ ду пояш аз ҳаракат бозмондаанд, қисса мекунад. Дар хурдсолӣ бо аробача ба мактаб меравад ва онро хатм намуда, таҳсилро дар мактаби ронандагӣ идома медиҳад. Баъди ба даст овардани шаҳодатномаи ронандагӣ аз қарзи бонкӣ мошин мехарад ва ба мусофиркашонӣ машғул мешавад. Барои худ хона месозад ва соҳиби оила мегардад. Ҳоло ғоибона дар факулати таърихи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ таҳсил мекунад.

Ҷои дуюм насиби филми муҳаррири телевизиони маҳаллӣ Афзун Муаллибшоев гардид. Ин филм ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии як ҳофизи нобино бахшида шудааст, ки бо ҳунари худ тавонистааст рӯзгорашро сомон бахшад.

Кинофестивали «Нигоҳи баробар» бо ҳунарманоии овозхонҳои гурӯҳи ҳунарии «Чашмаи Носир» ба поён расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.