Назарбоев манъи қонунии ришмонии ҷавонон ва сарулибоси сиёҳи занонро пешниҳод кард

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон пешниҳод кард, ки риш мондани ҷавонон ва либоси сиёҳ пӯшидани занон тавассути қонун манъ шавад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Назарбоев дар ин бора дар мулоқот бо намояндагони Идораи маънавии мусалмонҳои Қазоқистон изҳори назар кардааст. "Дар натиҷаи бесаводӣ ҷавонон риш монда, шимҳояшонро кӯтоҳ мекунанд. Шумори занҳои қазоқ ҳам, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон пешниҳод кард, ки риш мондани ҷавонон ва либоси сиёҳ пӯшидани занон тавассути қонун манъ шавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Назарбоев дар ин бора дар мулоқот бо намояндагони Идораи маънавии мусалмонҳои Қазоқистон изҳори назар кардааст.

"Дар натиҷаи бесаводӣ ҷавонон риш монда, шимҳояшонро кӯтоҳ мекунанд. Шумори занҳои қазоқ ҳам, ки комилан худро бо либоси сиёҳ мепӯшонанд, афзоиш меёбад. Ин на ба анъанаҳои мо мутобиқ аст, на ба мардуми мо. Бояд дар сатҳи қонунгузорӣ ин амал манъ шавад. Қазоқҳо танҳо дар мусибат либоси сиёҳ мепӯшанд", – гуфтааст Назарбоев.

Вай илова кардааст, ки дар даврони рушди технологияи рақамӣ Қазоқистон бояд пеши роҳи "тарғиби равияҳои ғайрианъанавии динӣ"-ро бигирад. Дар ҳолати зарурат ҳукумат омодааст, ки ба Идораи маънавии мусалмонҳо кумак кунад. Назарбоев инчунин гуфт, ҳукумат барои боло бурдани сатҳи саводи ҳазор имомхатиби расмӣ кумак мерасонад.

Гуфта мешавад, Назарбоев дар мулоқот бо руҳониёни кишвараш исломи Қазоқистонро ҳанафӣ унвон кардааст. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар солҳои охир равияҳои дигари динӣ, аз ҷумла ваҳҳобия ва салафия дар ин кишвар мақом пайдо мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.