Партовгоҳҳои марказии шаҳру навоҳии ҷануби Тоҷикистон, ки фақат барои 10 дарсади аҳолӣ пешбинӣ шудаанду бас, бо сабабҳои гуногун хилофи аксар талаботи санитарию эпидемиологӣ истифода мегарданд.
Партовгоҳ ё қабристони ҳайвонот?
Мушоҳидаҳои беш аз 30-рӯзаи мо (аз 20-уми феврал то 30-юми марти соли 2017) нишон дод, ки партовгоҳи марказии ягон шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ба меъёрҳои санитарӣ – эпидемиологӣ ва беҳдошти муҳити зист пурра мутобиқ нест. Инро зимни суҳбат бархе аз сардорони шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии Абураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритӯс, Носири Хусрав ва Қӯрғонтеппа, ки мо интихобан аз онҳо дидан кардем, таъйид карданд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
– Партовгоҳҳо бояд аз тарафи корхонаҳои безараргардонӣ ҳадди ақалл дар як моҳ ду маротиба бо маҳлулҳои муайян безарар гардонида шаванд, – мегӯяд Шамсиддин Халилов, масъули Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон. – Баъдан, партовҳо бояд ба навъҳо ҷудо гарданд ё худ технологияи истифодаи такрорӣ роҳандозӣ шуда, пас аз холӣ кардани партов шароити шӯстани ғаждӣ аз мошинҳо ташкил, атрофи он бо симдевор маҳкам ва бо дарахтҳои сарсабз иҳота карда шавад.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Аммо, ба гунаи мисол, масъулони КФД хоҷагии манзилию коммуналии (минбаъд ХМК) ноҳияи Ҷайҳун на фақат ҳудуди барои партовафканӣ муайяншудаи мавзеи ба истилоҳ “8-ум посёлка”-ро истифода бурдаанд, балки домони ифлосиро ба даҳҳо гектар паҳн кардаанд. Ва партовҳои гуногуннавъро ба манзили зисти сокинон хеле наздик рехтаанд. Дар бобати дигар талаботҳои барои партовгоҳҳо пешбинишуда ҳоҷати сухан гуфтан ҳам нест. Масоҳати партовҷо чӣ қадар аст ва он кай ташкил гардидааст, бароямон номаълум боқӣ монд, зеро сардори ХМК-и ноҳия Неъматов на фақат ба ин суоли одӣ посух додан нахост, балки нисбат ба мо лафзи дуруштро раво дид. Ӯ зердастонашро ҳам нагузошт, ки ақаллан бароямон рақамеро бигӯянд.
Бо вуҷуди ҷой доштани камбудиҳои болозикр дар партовгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳам дар канори заҳбур ҷойгир будани он, сардори ХМК низ аз суҳбат бо мо худдорӣ кард.
Дар партовгоҳи ноҳияи Хуросон ҷасади садҳо чорвои хонагии калону майда ба назар расид. Сабабашро роҳбарияти ХМК ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ба мо шарҳ дода натавонистанд. Ин партовҷои фарогири 4 гектар, ба қавли сармуҳандиси КФД хоҷагии манзилию коммуналӣ Абдусаид Набиев, ҳарчанд 5 сол боз мавриди истифода қарор дорад, лекин то ҳол ба расмият дароварда нашудааст.
– Роҳи ҷониби партовгоҳи марказии мо дар ҳолати бад қарор дошта, ҳаракати нақлиётро хеле душвор кардааст, – гуфт Исматулло Қурбонов сардори КФД хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Шаҳритӯс.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Маълум гардид, ки фақат партовгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қаровул дорад. Вале шӯстани мошинҳои партовкаш дар худи партовҷо дар ягон шаҳру ноҳия ба роҳ монда нашудааст.
Қишлоқҳо “дар оғӯш”-и партовҳо?
Ба гуфти мутасаддиён, ба ғайр аз ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи … партовҳои дигар қишлоқҳои шаҳру навоҳии вилоят, ки шуморашон нисбат ба шаҳракҳо чандин баробар бештар аст, тамоман ба партовгоҳҳои марказӣ кашонида нашуда, ҳатто ба ХМК-ҳо вобаста нагардидаанд.
Маҳмадшариф Қурбонов, сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритӯс, изҳор дошт, ки ноҳия аз 6 ҷамоат иборат бошад ҳам, фақат 5 ҷамоати он партовгоҳи расмӣ дораду халос. “Зимни санҷиш мо ҳамеша ба масъулини ҷамоатҳо тавсия медиҳем, ки партовро ба партовгоҳҳои расмӣ кашонанд. Ва барои хунукназарӣ ба иддае аз раисони ҷамоатҳою кумитаҳои маҳаллаҳо ҷазои интизомии “Огоҳӣ” додем”, – афзуд Қурбонов.
– Набудани ҷойҳои махсуси партовфканӣ дар деҳаҳо ба он оварда расонидааст, ки ифлосшавии заҳбуру заҳкашҳо ва канори роҳҳо хеле зиёд шуда, – мегӯяд масъули Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Шамсиддин Халилов, – хавфи пайдоиши бемориҳои сироятиро ба вуҷуд овардааст.
Аз ароба ҳам истифода мешуд
Масъулони хоҷагиҳои манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳо ва вилоят ин ноҷӯриҳоро ба набудани маблағи кофӣ ва фарсуда гардидану надоштани нақлиёти боркашу боркунанда рабт медиҳанд.
– Барои маҳкам кардани гирду атрофи партовгоҳҳо, таъйини қаровулҳо ва кашонидани партови қишлоқҳо аз ягон сарчашма маблағгузорӣ сурат намегирад, – бо таассуф изҳор кард Рустам Гадоев, сармутахассиси Намояндагии КВД хоҷаги манзилию коммуналии ҶТ дар вилояти Хатлон.
Сардори КВД хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Панҷ Манзаршо Каримов зикр кард, ки дар мувозинаи корхона ҳамагӣ 6 техника, аз ҷумла ду мошини партовкашу ду трактор мавҷуд аст. “Барои дар як шабонарӯз кашонидани 15-20 метри куби партови маркази ноҳия мо аз техникаҳои кироя истифода мебарем”, – афзуд ӯ.
Сардори КФД ХМК-и ноҳияи Шаҳритӯс Исматулло Қурбонов иброз дошт, ки танҳо як автомашинаи ГАЗ-53 ва як моторол доранд, ки тавассути онҳо бояд рӯзе то 16 метри мукааб партовро ба масофаи 8,5 километр кашонанд. “Аз сабаби надоштани базаи боқуввати техникӣ аз 16 ҳазор аҳолии маркази ноҳия мо фақат ба 50 дарсадашон хидмат мерасонем. Агар техникаи зарурӣ муҳайё бошад, мо метавонем партовҳои тамоми аҳолии шаҳракро кашонем”,- изофа кард вай.
Аз суҳбат бо масъулони ХМК ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросон маълум гардид, ки то чанд моҳ қабл онҳо ягон техникаи партовбарор надоштаанд. Биноан, маҷбур буданд, ки партовҳои маркази ноҳияро бо ароба ҷамъ оварда, тавассути мошинҳои кироя ба партовгоҳи марказӣ баранд. Бо фиристодани як ЗИЛ-и истифодашуда аз КВД хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ, ки барои кашонидани партов чандон мувофиқ нест, ин мушкили эшон андаке осон гардид. Ва воқеан, дар дигар шаҳру навоҳии вилоят ҳанӯз ҳам барои интиқоли партов аксарият аз тракторҳои замони шӯравӣ истифода мебаранд.
Рустам Гадоев, сармутахассиси Намояндагии КВД хоҷагии манзилию коммуналии ҶТ дар вилояти Хатлон бар ин аст, ки базаи техникии ХМК-ҳои ҳама шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ниёз ба таҷдиди ҷиддӣ доранд. “Барои он ки партовҳо безарар гардонида шаванд, будани техникаҳои махсуси коммуналӣ шарт аст”, – афзуд ӯ.
Агар раисон кӯшиш кунанд…
Ҳарчанд мутасаддиёни Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон мегӯянд, ки барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо партовҳо якчанд ашхоси масъул ва сокинон ҷаримабандӣ шуданд, аммо яқинан, ин роҳи ҳалли мушкилот нест. Гузашта аз ин, тадқиқу таҳлилу мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, КВД хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист ба масъалаи тозагии атроф ба таври бояду шояд таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд ва ягон барномаи ҷиддиеро матраҳ намесозанд. Аммо, ниҳоят, дар асри XXI бо ароба кашонидани партов шояд эшонро ба жарфтар андеша кардан таҳрик диҳад. Ҳамин тавр не?
Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст. Масъулияти мӯҳтавои ин мавод ба души муаллиф Сайраҳмон Назриев вогузор шуда, мавқеъи Итиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.


