БМТ болоравии нархҳо дар семоҳаи дуюмро пешгӯӣ мекунад

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) афзоиши раванди таваррум дар семоҳаи дуюми соли равонро пешгӯӣ мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки дар навбати аввал нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории воридотӣ боло мераванд.

Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисони БМТ, интизориҳои манфии мизони таваррум ба омлҳои қурбӣ вобастаанд.

Дар шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи марти соли 2017 қайд мешавад, ки тибқи таҳлилҳо интизорӣ меравад, ки дар семоҳаи дуюми соли равон вобаста ба омилҳои қурбию монетарӣ интизориҳои манфии таваррумии истеъмолкунандагон зиёд гардида, фишороварии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус маҳсулоти асосии воридотӣ дар давраи миёнамуҳлат ба сатҳи таваррум нисбатан зиёд мегардад.

«Бо вуҷуди ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва пешгирии фишорҳои таваррумӣ, сиёсати қатъии пулию қарзиро амалӣ намуда, тамоми имкониятҳои мавҷударо баҳри нигоҳ доштани меъёри таваррум дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда равона хоҳад намуд», – омадааст дар шарҳ.

Тайи моҳи ахир нарху тарифҳо 1,5% ва аз оғози сол – 3,2% боло рафтанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки семоҳаи аввали соли гузашта сатҳи таваррум ҳамагӣ 2,1%-ро ташкил дода буд. Мизони таварруми солона – аз моҳи марти соли 2016 то моҳи марти соли равон 7,3%-ро ташкил додаааст, ки нисбат ба ҳамин давраи пешин 1,7% зиёдтар аст.

БМТ сатҳи таваррум то охири солро дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист. Бо ин мақсад Бонки миллӣ аз воситаҳое чун амалиёт дар бозори кушод, амалиёти болову поин бурдани меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, амалиёти асъорӣ дар бозорҳои байнибонкӣ ва ғайра истифода карданист.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,1% ва сатҳи миёнаи моҳонаи он – 0,5%-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...