БМТ болоравии нархҳо дар семоҳаи дуюмро пешгӯӣ мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) афзоиши раванди таваррум дар семоҳаи дуюми соли равонро пешгӯӣ мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки дар навбати аввал нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории воридотӣ боло мераванд. Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисони БМТ, интизориҳои манфии мизони таваррум ба омлҳои қурбӣ вобастаанд. Дар шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи марти соли 2017 қайд мешавад, ки тибқи таҳлилҳо интизорӣ меравад, […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) афзоиши раванди таваррум дар семоҳаи дуюми соли равонро пешгӯӣ мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки дар навбати аввал нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории воридотӣ боло мераванд.

Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисони БМТ, интизориҳои манфии мизони таваррум ба омлҳои қурбӣ вобастаанд.

Дар шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи марти соли 2017 қайд мешавад, ки тибқи таҳлилҳо интизорӣ меравад, ки дар семоҳаи дуюми соли равон вобаста ба омилҳои қурбию монетарӣ интизориҳои манфии таваррумии истеъмолкунандагон зиёд гардида, фишороварии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус маҳсулоти асосии воридотӣ дар давраи миёнамуҳлат ба сатҳи таваррум нисбатан зиёд мегардад.

«Бо вуҷуди ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва пешгирии фишорҳои таваррумӣ, сиёсати қатъии пулию қарзиро амалӣ намуда, тамоми имкониятҳои мавҷударо баҳри нигоҳ доштани меъёри таваррум дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда равона хоҳад намуд», – омадааст дар шарҳ.

Тайи моҳи ахир нарху тарифҳо 1,5% ва аз оғози сол – 3,2% боло рафтанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки семоҳаи аввали соли гузашта сатҳи таваррум ҳамагӣ 2,1%-ро ташкил дода буд. Мизони таварруми солона – аз моҳи марти соли 2016 то моҳи марти соли равон 7,3%-ро ташкил додаааст, ки нисбат ба ҳамин давраи пешин 1,7% зиёдтар аст.

БМТ сатҳи таваррум то охири солро дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист. Бо ин мақсад Бонки миллӣ аз воситаҳое чун амалиёт дар бозори кушод, амалиёти болову поин бурдани меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, амалиёти асъорӣ дар бозорҳои байнибонкӣ ва ғайра истифода карданист.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,1% ва сатҳи миёнаи моҳонаи он – 0,5%-ро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.