«Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» муттаҳид шуданианд

Гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида», ки фаъолияташон дар бисёре аз кишварҳо манъ аст, ҷиҳати созиш ҳосил кардану бартараф намудани ихтилофҳо ва созишнома бастан талош меварзанд. Дар ин бора иҷрокунанаи вазифаи СААД Валерий Семериков изҳори назар кардааст. Бино ба маълумоти «Интерфакс», Семериков таъкид доштааст, ки дар сурати муттаҳид шудани ин гурӯҳҳо, таҳдиду чолишҳои террористӣ дар […]

Гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида», ки фаъолияташон дар бисёре аз кишварҳо манъ аст, ҷиҳати созиш ҳосил кардану бартараф намудани ихтилофҳо ва созишнома бастан талош меварзанд. Дар ин бора иҷрокунанаи вазифаи СААД Валерий Семериков изҳори назар кардааст.

Бино ба маълумоти «Интерфакс», Семериков таъкид доштааст, ки дар сурати муттаҳид шудани ин гурӯҳҳо, таҳдиду чолишҳои террористӣ дар ҷаҳон афзоиш меёбад.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ҷангиёни «дар Ироқу Сурия зиндамонда» ба қаламрави Афғонистон раҳсипор мешаванд ва хатаре вуҷуд дорад, ки ин кишвар ба як пойгоҳе барои ғасби қаламрави кишварҳои узви СААД мубаддал гардад.

«Дар ҳамин ҳол, вазъ дар Афғонистон торафт муташанниҷ шуда, муноқишаҳои ҷойдошта миёни гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир танҳо як қисмати таҳдидҳоест, ки аз қаламрави ин кишвар бармеоянд», – таъкид намудааст Семериков.

Айни замон ба ҳайати Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл масъулияти содир кардани амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро гурӯҳи марбут ба «Ал-Қоида» – «Тавҳид вал-Ҷиҳод» ба зимма гирифта, бо амалҳои нави террористӣ таҳдид кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.