Се рӯзи беобии қисмате аз Душанбе ва идомаи ҷустуҷӯи ҷасади духтари ғарқшуда

Аллакай шабонарӯзи сеюм аст, ки ба қисмате аз сокинони шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ шудааст. Тавре маълум шуд, як писару духтари наврас дар канали Варзоб ғарқ шудаанд. Ба қисмате аз манзилҳои Душанбе об аз ҳамин канал меояд. Ҷасади духтар то ҳол дарёфт нашудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони Душанбе аз қатъи интиқоли оби нӯшокӣ арзу […]

Аллакай шабонарӯзи сеюм аст, ки ба қисмате аз сокинони шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ шудааст. Тавре маълум шуд, як писару духтари наврас дар канали Варзоб ғарқ шудаанд. Ба қисмате аз манзилҳои Душанбе об аз ҳамин канал меояд. Ҷасади духтар то ҳол дарёфт нашудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони Душанбе аз қатъи интиқоли оби нӯшокӣ арзу шикоят мекунанд. «Аллакай рӯзи сеюм аст, ки ба мо ваъда медиҳанд, ки субҳ ё шом интиқоли обро таъмин мекунанд, вале чун пешина об нест», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» сокинони манзилҳои назди Театри ҷавонон.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки рӯзи 24 апрел ду сокини ноболиғи деҳаи Бакавул Муҳаммад Абдураҳмонови 16-сола ва Малика Неъматзодаи 13-сола дар канали Варзоб ғарқ шуда, ҷасади Муҳаммад дар канали дериватсионии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пайдо шудааст, вале ҷасади Маликаро ғаввосон (водолазҳо) то ҳол меҷӯянд.

Ба гуфтаи ӯ, барои пешгирии аз ҷониби сокинони Душанбе истеъмоли нашудани шояд оби ифлос ё зараровар, тасмим гирифта шуд, ки интиқоли оби нӯшокӣ қатъ карда шавад.

Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» итминон доданд, ки ин тасмим маҷбурӣ рӯи кор омада, баъди дарёфти ҷасади писари наврас, интиқоли оби нӯшокӣ барқарор карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.