Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Аз 28 то 30 апрел дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва дар консерваторияи миллии ба номи Талабшо Сатторов (рӯзи охир) Фестивали панҷуми этно-ҷаз баргузор мешавад; – Дар Мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявии санъати ба номи М.Атоев ба хотираи ёдбуди нахустин директор ва муассиси мактаб Дмитрий Иониди Гала-консерти озмуни дохилимактабии иҷрокунандагон ва […]

Asia-Plus

АНОНС

– Аз 28 то 30 апрел дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва дар консерваторияи миллии ба номи Талабшо Сатторов (рӯзи охир) Фестивали панҷуми этно-ҷаз баргузор мешавад;

– Дар Мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявии санъати ба номи М.Атоев ба хотираи ёдбуди нахустин директор ва муассиси мактаб Дмитрий Иониди Гала-консерти озмуни дохилимактабии иҷрокунандагон ва рассомони ҷавон барпо мешавад;

– Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон таҳти унвони «Вазъи кунунӣ ва тамоили рушди қонунгузории Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИДМ» Конфронси чоруми байнулмилалии илмии донишҷӯён доир мегардад;

– Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона таҳти унвони «Ғалабаи Бузурги бо ваҳдат бадастомада: ҷасорати ҷабҳа – матонати ақибгоҳ» Форуми байнулмилалии ғолибон доир мегардад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок мекунанд;

– Дар Бишкек ҷаласаи XXVII Шӯрои ҳамкорӣ дар бахши тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4776 сомонӣ;

1 евро – 9.2635 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1532 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1919 – Оинномаи Лигаи Миллатҳо қабул гардид.

1929 – Дар Анҷумани II-юми Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи кишвар Конститутсия қабул карда шуд.

1959 – Дар Душанбе корхонаи «Тоҷиккабел» ба истифода дода шуд.

2001 – Филми коргардони тоҷик Бахтиёр Худоназаров «Лунный папа» (Падари моҳтобӣ) дар номинатсияи «Коргардони беҳтарин» ба ҷоизаи киноакадемияи Русия «Ника» сазовор гардид.

2004 – Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мубориза зидди маблағгузории байнулмилалии терроризм ҳамроҳ шуд.

2010 — Парлумон гузаштани Тоҷикистон ба маълумоти миёнаи умумии 12-соларо тасдиқ кард.

1928 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Кибриё Ҳасанова.

1945 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театр Қиёмиддин Чақалов.

1954 – Зодрӯзи адиби ҳаҷву зарофатнавис Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ.

1959 – Мавлуди доктори улуми филология Маҳмадюсуф Имомов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +7+12.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +16+21; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +15+20; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +7+9 рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +19+21.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +13+15.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.